Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Бандагӣ гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест.
Гар фишори душманон ӯбат кунад, мискин машав,
Мард бош, эй хастадил, шармандагӣ даркор нест.
Бо ҳақорат гар биборад бар сарат борони дурр,
Осмонро гӯ: бирав, борандагӣ даркор нест!
Гар ки бо вобастагӣ дорои ин дунё шавӣ,
Дураш афкан! Инчунин дорандагӣ даркор нест.
Гар ба шарти пойбӯсӣ сар бимонад дар танат,
Ҷон деҳу рад кун, ки сарафкандагӣ даркор нест.
Зиндагӣ озодии инсону истиқлоли ӯст,
Баҳри озодӣ ҷадал кун! Бандагӣ даркор нест!
Ту рафтию тасвири ту дар дидаи ман монд,
Хандидану такрири ту дар дидаи ман монд.
Рафтию нарафт абрую миҷгони ту аз ёд,
Шамшери тую тири ту дар дидаи ман монд.
Биншаст ба гил пеши хиромидани ту қоҷ,
Ман дидаму тасвири ту дар дидаи ман монд.
Рафтию ҷунун омаду бо вай хушам акнун,
Гесӯи чу занҷири ту дар дидаи ман монд.
Бо ман ҳама дар гардишию сӯҳбату шӯхӣ,
Алқисса, ки тасвири ту дар дидаи ман монд.
Девона намудам дили фарзонаи худро,
Дар ишқи ту гуфтам ҳама афсонаи худро.
Ғайр аз ту, ки афрӯхтаӣ шӯъла ба ҷонам,
Оташ назанад ҳеҷ касе хонаи худро.
Ман зиндааш, охир дигареро ту масӯзон,
Эй шамъ, маранҷон дили парвонаи худро.
Аз баҳри ту сар бохтани ман ҳунаре нест,
Ҳар дилшуда ҷон бохта ҷононаи худро.
Дил кӯча ба кӯча даваду номи ту гӯяд,
Боз о, бубар ин мургаки белонаи худро.
Бо санг задан аз бари дилбар нашавад дур,
Ман хуб шиносам дили девонаи худро.
Танида ёди ту дар тору пудам, меҳан, эй меҳан!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё