Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Бувад лабрез аз ишқат вуҷудам, меҳан, эй меҳан!
Ту будам кардӣ аз нобудию бо меҳр парвардӣ,
Фидои номи ту буду набудам, меҳан, эй меҳан!
Фузунтар гармии меҳрат асар мекард, чун дида
Ба ҳоли пуразобат мекушудам, меҳан, эй меҳан!
Ба ҳар маҷлис, ба ҳар зиндон, ба ҳар шодӣ, ба ҳар мотам,
Ба ҳар ҳолат, ки будам, бо ту будам, меҳан, эй меҳан!
Агар мастам, агар ҳушёр, агар хобам, агар бедор,
Ба сӯи ту бувад рӯи суҷудам, меҳан, эй меҳан!
Ба дашти дил гиёҳе ҷуз гули рӯят намерӯяд,
Ман ин зебозаминро озмудам, меҳан, меҳан!

Дилро бубин, дилро бубин,
Дар кӯи ҷонон омада,
Сар вожгун, тан ғарқи хун,
Афтону хезон омада.

Хоҳад, ки ҷон пешаш равад,
Ҷонон дар оғӯшаш давад,
Дунё фаромӯшаш шавад,
Маст асту меҳмон омада.

Дилро бубин, дилро бубин,
Дар кӯи ҷонон омада!

Бо он ки роҳаш танг буд,
Ҳам дуру ҳам пурсанг буд,
Бо раҳзанон дар ҷанг буд,
Фотеҳ зи майдон омада.

Дилро бубин, дилро бубин,
Дар кӯи ҷонон омада.

Гул дидашу дар ханда шуд,
Булбул аз ӯ шарманда шуд,
Тутӣ ба нуткаш банда шуд...
Дил нест ин, ҷон омада.

пешина
аз 343
навбатӣ