Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Дилро бубин, дилро бубин,
Дар кӯи ҷонон омада.

Дил нест ин, девона аст,
Девонаи ҷонона аст,
Пурдарду пурафсона аст,
Аз баҳри дармон омада...

Дилро бубин, дилро бубин,
Дар кӯи ҷонон омада.

Соқӣ, бисоте нав фикан,
Мутриб биё, чанге бизан,
Лоҳутии ширинсухан
Имшаб ғазалхон омада.

Дилро бубин, дилро бубин,
Дар кӯи ҷонон омада.

Туро дар худ ниҳон дорад дили ман,
Чунин шодӣ аз он дорад дили ман.
Туӣ бо ӯ ҳамеша, хуш ба ҳолаш,
Чӣ айши ҷовидон дорад дили ман!
Фақат номи туро гӯяд, нигаҳ кун,
Чӣ оташ дар забон дорад дили ман!
Туро дорад дар ин дунёву бе ту
Ғами дунё ба ҷон дорад дили ман.
Гули рӯят сухангӯ карда ӯро,
Ки чун булбул забон дорад дили ман.
Бимирад, гар сухан бо вай нагӯянд,
Ҳаёт аз он лабон дорад дили ман.
Дар он хуршеди рӯят мустақар ҳаст,
Баҳори бехазон дорад дили ман.
Надонад ҳарфи пирӣ маънияш чист,
Дилороми ҷавон дорад дили ман.
На парво дораду не сар, на сомон,
Хулоса, достон дорад дили ман...
Дур аз рухат сарои дард аст хонаи ман,

пешина
аз 343
навбатӣ