Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Хуршеди ман куҷой? Сард аст хонаи ман.
Дидам туро, зи шодӣ аз осмон гузаштам,
Ҷонони ман ки гаштӣ, дигар зи ҷон гузаштам,
Охир худат гувоҳӣ, ман аз ҷаҳон гузаштам,
Бе ту кунун сарои дард аст хонаи ман,
Хуршеди ман куҷой? Сард аст хонаи ман.
Ман дардманди ишқам, дармони ман туй, ту,
Ман пойбанди сидқам, паймони ман туй, ту,
Уммеди ман туй, ту, имони ман туй, ту,
Дур аз руҳат сарои дард аст хонаи ман,
Хуршеди ман куҷой? Сард аст хонаи ман.
Ғайр аз ту ман ба дунё ёри дигар надорам,
Ҷуз аз хаёли ишқат фикре ба сар надорам,
Сар медиҳам, валекин даст аз ту барнадорам,
Дур аз рӯҳат сарои дард аст хонаи ман,
Хуршеди ман куҷой? Сард аст хонаи ман.

Зи роҳи дида дар дил хона кардӣ,
Сипас ин хонаро вайрона кардӣ.
Нагӯям з-он чи, кардӣ ё накардӣ,
Фақат як гап: маро девона кардӣ.

Агар ранҷад дилу бандад даҳонро,
Чу шаб торик созад рӯзи ҷонро.
Битарс аз оҳи дил, дилро маранҷон,
Дил ар хоҳад, бисӯзонад ҷаҳонро.

Агар мегаштам озод аз дилу чашм,
Намекардам дигар ёд аз дилу чашм.
Бувад ин ҳар ду баҳри роҳати ҷон –
Ду хасми беамон, дод аз дилу чашм.

Ба лаб биншаста ҷон аз дасти ин дил,
Ба танг омад ҷаҳон аз дасти ин дил.
На аз дилбар, на аз ман мекашад даст,

пешина
аз 343
навбатӣ