Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҳалокам кард, амон аз дасти ин дил.
Чаро, эй дил, чунин афсона гаштӣ,
Чаро аз ман чунин бегона гаштӣ?
Киро дидӣ, куҷо рафтӣ, чӣ кардӣ,
Ки дар дунё чунин афсона гаштӣ?

Чаро мезорӣ охир, эй дил, эй дил?
Магар беморӣ, охир, эй дил, эй дил?
Бирав дигар, зи ҷонам даст бардор,
Ту дилбар дорӣ охир, эй дил, эй дил!

Чаро берангубӯй, эй дил, эй дил,
Киро дар ҷустуҷӯй, эй дил, эй дил.
Бирав з-ин дар, намехоҳад туро ёр,
Аҷаб беобрӯй, эй дил, эй дил.

Агар дилдор дорӣ, эй дил, эй дил,
Чаро пас беқарорӣ, эй дил, эй дил.
Маро пеши ҷаҳон шарманда кардӣ,
Бас аст ин оҳу зорӣ, эй дил, эй дил.

Ба ишқ, эй дил, маро афсона кардӣ,
Ба ҷон эй дил, маро бегона кардӣ.
Парешонам, намедонам чӣ созам,
Ту маро ҳамчу худ афсона кардӣ.

Бас аст охир, ҳаё кун, эй дил, эй дил,
Дигар тарқи хато кун, эй дил, эй дил.
Ва ё аз ишқи дилбар даст бардор,
Ва ё маро раҳо кун, эй дил, эй дил.

На ёре дорӣ ин ҷо, эй дил, эй дил,
На боре дорӣ ин ҷо, эй дил, эй дил.
Бувад дар кӯйи дилбар хонаи ту,
Чӣ коре дорӣ ин ҷо, эй дил, эй дил.

Сияхчашмак чаро бурдӣ диламро,
Камонабрӯ, куҷо бурдӣ диламро,
Зи ту беҳтар ба дунё дилбаре нест,
Сафо кардӣ, баҷо бурдӣ диламро.

пешина
аз 343
навбатӣ