Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
ПАЙРАВ СУЛАЙМОНӢ
(1899-1933)
Отахон Пайрав Сулаймонӣ адиби навовар ва бомаҳорати нимаи аввали садаи ХХ ба шумор меравад. Ӯ 15 апрели соли 1899 дар кӯчаи Ҳавзи Рашиди шаҳри Бухоро дар оилаи Абдукаримхон ном савдогари машҳур ба дунё омадааст. Навзодро ба хотири бобояш Сулаймон ном мегузоранд. Бинобар ин, ӯро Отахон низ меномиданд. Отахон дар синни 5-солагӣ ба мактаб меравад. Аз соли 1911 то соли 1914 дар мадрасаи ибтидоии форсии шаҳри Марв ба омӯзиш машғул мешавад. Ӯ солҳои 1914 – 1916 назди муаллимони хусусӣ забони русӣ меомӯзад ва солҳои 1916 – 1918 дар мактаби русии Когон таҳсил менамояд. Дар ҳамин солҳо забонҳои ӯзбекӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ ва тоториро низ аз худ карда буд. Баъди воқеаи Колесов Пайрав дар муддати якуним сол ба таври махфӣ хонанишин буд. Дар ин муддат ба омӯхтани мероси бои адибони классикии форсу тоҷик чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Низомӣ, Умари Хайём, Саъдӣ ва Ҳофиз ҷиддан машғул шуда, худ ба шеърнависӣ мепардозад. Пайрав соли 1920 шоҳиди инқилоби Бухоро гардида, соли 1921 ҳамроҳи тағояш Ҳошим Шоиқ ба Афғонистон сафар намуд. Солҳои 1923 – 1924 бошад, шоир дар Машҳад буд ва баъд ба Бухоро баргашта, ба кори эҷодӣ машғул гардид. Соли 1930 ба Сталинобод омада, дар нашриёти давлатии Тоҷикистон ба кор даромад. Соли 1931 ба Самарқанд раҳти сафар баст ва дар ҳамон ҷо 9-уми июни соли 1933 ин ҷаҳонро падруд гуфт. Ҷасади шоири ҷавомаргро дар мазори Шоҳи Зинда ба хок супурданд. Марсияи устод Айнӣ дар вафоти Пайрав ҷонгудоз ва дардовар аст:
Пайрав, ки яке шоири шӯроии мо буд,
Сад ҳайф, ки дар айни ҷавонӣ зи миён рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё