Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

ТаҳсилотАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар даҳр баҳор асту хазон аст, валекин,
Афсӯс тавон хӯрд бар он гул, ки ҷавон рафт.
Аз маҳфили аҳбоб дар ин мотами ҷонсӯз,
То абри сияҳ дудсифат оҳу фиғон рафт...
Сад Пайрави комил ивази он бирасонем,
Як Пайрави наврастаи мо гар зи миён рафт.

Фаъолияти эҷодии Пайрав кам давом карда бошад ҳам, аз шоир мероси гаронбаҳо ба ёдгор мондааст. Яке аз аввалин шеърҳои шоир бо номи «Бародари ҷонӣ» соли 1916 эҷод гардида, ба духтури чех Йозеф Аул (1894-1956) бахшида шудааст. Аз мақтаи ин ғазал бармеояд, ки шоир тахаллуси худро ҳанӯз айёми ҷавонӣ интихоб намудааст:

Гӯ, ки Пайрави бедил, монда пойӣ ӯ дар гил,
Мисли мурғи нимбисмил монда дар қафас нолон.

Дар давраи зиндагии шоир ду маҷмӯа бо номҳои «Шукуфаи адабиёт» (1931), «Шеърҳо» (1932) ва достони «Тахти хунин» (1931) ба табъ расидаанд. Баъди вафоти Пайрав чанд маҷмӯаи шоир бо номҳои «Қадам ба панҷсолаи дувум» (1934), «Маҷмӯаи шеърҳо» (1934, 1941, 1949), «Ба зарбдор» (1936), «Асарҳои мунтахаб» (1954), «Маҷмӯаи осор» (1959), Девон (1971) чоп гардидаанд.

Соли 2006 “Куллиёт”-и Пайрав (тартибдиҳанда Хуршеда Отахонова) ба табъ расид, ки эҷодиёти адибро ба таври мукаммал фаро гирифтааст. Дар “Куллиёт” 122 шеър, 3 достон, намунаҳои наср (ҳикояи «Гуландом», порча аз «Ишқи духтари Чингиз»), номаҳо ва тарҷумаҳои адиб ҷойгир шудаанд.

Ашъори Пайрав Сулаймониро ба ду давра ҷудо кардан мумкин аст. Давраи аввал шеърҳои шоирро то соли 1924 дарбар мегирад. Ашъори ин давраи суханвар ба ғазал, қасида, мустазод ва қитъа барин жанрҳои суннатӣ тааллуқ дошта, асосан ба мавзӯи ишқ бахшида шудаанд.

пешина
аз 343
навбатӣ