Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Шоири ошиқ дар шеърҳои «Бок нест», «То кай», «Шаби ҳиҷрон бо хаёли ҷонон», «Чӣ шуд, ки?..», «Фироқнома» моҷарои ишқи инсониро табиӣ ва дилкаш ифода намудааст. Дар шеъри «Фироқнома», ки аз 37 байт иборат аст, ҳусну ҷамоли маҳбубаи сарбаланд ва ҳолати ногувори ошиқи хастадил бо тамоми рангомезӣ тасвир ёфтааст. Забони ширадор, вазну қофияи солим, ташбеҳу истиора, талмеҳу муболиға ва тавсиф барин санъатҳои бадеӣ ба матн қувваи баланди ифоданокӣ ато намудаанд:

Оҳу фиғон кашидаму гуфтам, ки дӯстон,
Ҳастам асири духтари Чингизи хунхор.
Фарёд аз он ду наргиси ҷодуи дилфиреб,
Эй вой аз он карашмаи чашмони пурхумор!
Абрӯйи теғдораш бар қалб ҷойгир,
Мижгони обдораш бар сина ҷойдор
Аз як нигоҳ ҳазор ғизолон кунад асир
В-аз як назар ҳазор - ҳазорон кунад шикор...

Пайрав чашмони ёрашро ба ду наргиси ҷодуи дилфиреб монанд мекунад, абрӯйи дилдорро теғдору мижгони ӯро обдор меномад ва хеле муболиғаомез қувваи сеҳрноки нигоҳи маҳбубаро васф менамояд. Дар тасвири шоир, нигоҳи ҳазор ғизоли зебочашм қувваи як нигоҳи сеҳрангези маҳбубаро надорад. Чунин тавсифҳои дилнишину мафтункунанда дар дигар шеърҳои давраи аввали эҷодиёти шоир фаровон мушоҳида мешаванд.

Давраи дуюми эҷодиёти Пайрав ба солҳои 1925 ва минбаъда тааллуқ дорад. Дар ин давра дар мавзӯъ, мундариҷа ва услуби баёни ашъори шоир тағйироти куллӣ ба амал омад. Дар шеърҳои лирикӣ, чунонки аз шеъри «Интихоби маъшуқ» (1925) бармеояд, қаҳрамони лирикӣ болидахотиру қаноатманд аст:

пешина
аз 343
навбатӣ