Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Шӯҳам ба қасди қатли асирон итоб кард,
Қурбони ӯ шавам, ки маро интихоб кард.
Дар ашъори ин давраи Пайрав вобаста ба талаботи замон мавзӯъҳои танқиди замони амирӣ, озодии занон, байналхалқӣ, муносибатҳои иҷтимоии ҷомеа, табиати пурсаҳои Ватан мавқеъ пайдо мекунанд. Шоир дар баробари жанрҳои суннатӣ аз шаклҳои нави шеърӣ истифода мекунад ва ба таълифи чанд достон низ муваффақ мешавад. Шеърҳои «Шукуфаи ирфон ё худ озодии занони Шарқ», «Ба шарафи қиёми занони Шарқ», «Асира ё худ исён» ба занон ва мавқеи иҷтимоии онҳо бахшида шудаанд. Шеъри «Асира ё худ исён» аз нӯҳ банди чаҳормисраъгӣ иборат буда, дар он тарзи қофияи аз назми русӣ омада (абба, аабб) истифода шудааст. Дар ин шеър як лавҳаи фоҷиавии занону духтарони тоҷик дар даврони амирӣ ба воситаи оҳангу задаҳои мантиқӣ, ифоданокии таркибҳои забонӣ, нидоҳои хитобию саволӣ ва пасту баланд шудани овоз манзури хонанда мегардад:
Раъша дар ҷисму пайкарам афтод
Аҷабо!
Ин чӣ саҳнаи мудҳиш?
Чист афтода?
Духтаре мадҳуш
Ҳамла оварда кист, ҳон?
Эй дод!!!
Дев! Ифрит! Ваҳшии хунхор!..
Чеҳраашро ба хок мемолид,
Бо садои гирифта менолид:
- Ку даҳо?! Ку ҳимоя?!
Ку имдод?! Ку тараҳҳум?
Ҳароб шав! Барбод!
Чунин навпардозиҳои ҳунармандона дар баҳорияҳои Пайрав, аз ҷумла дар шеърҳои «Баҳори Тоҷикистон ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё