Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

нолаи чӯпонӣ», «Насими баҳорӣ», «Баҳория ба баҳорикорон» равшан мушоҳида мешавад. Шоир дар шеъри «Насими баҳорӣ» ҳам аз қолибҳои адабиёти классикӣ ва ҳам аз вазну оҳангҳои шеърҳои халқӣ истифода карда, дар назми давраи нави тоҷик намунаи беҳтарини баҳорияро эҷод кардааст:

Саҳаргаҳ, ки дар бистари беқарорӣ,
Шаберо ба сар бурда будам ба хорӣ,
Ҳамебудам аз сардии дай ба зорӣ,
Ки ногаҳ насими хуше шуд аёрӣ.
Насими баҳорӣ, насими баҳорӣ.

Ин шеър аз шаш банди панҷмисраъгӣ иборат буда, мисраи панҷум дар ҳар банд такрор меёбад. Ҳамчунин, мисраи васила ба мисраи чоруми ҳар банд ҳамқофия мешавад: ааааа; бббаа; ввваа; гггаа... Дар назми тоҷик ин тарзи шеърсозӣ ва қофиябандиро Пайрав бори аввал ба кор бурдааст. Чунин навпардозӣ ва тозакориҳо дар дигар ашъори шоир ҳам бармало мушоҳида мешавад.

Дар ашъори гуногунмавзӯи шоир зулму истибдод ва поймолкунии ҳуқуқҳои инсонӣ мазаммат мешавад. Ин ҳолатро дар шеърҳои “Ду ҳуҷум”, “Якуми Май ва МОПР”, “Ба тахтнишин”, “ЯК қурбонии кӯчаи буржуазии Аврупо” равшан мушоҳида кардан мумкин аст. Шеъри “ЯК қурбонии кӯчаи буржуазии Аврупо” беқадрӣ ва беҳуқуқии инсони меҳнатӣ дар ҷомеаи сармоядорӣ ба тасвир омадааст. Ин шеър бо тасвири симои зоҳирии зани сарсону саргардон ва беҳолу бемадор дар фасли зимистон оғоз меёбад:

Бо сару пойӣ бараҳна фасли зимистон.
Пираҳани пора-пора пӯшида бар тан,
Хаставу бемору бемадор яке зан
Дар бағал андар гирифта кӯдаки гирён...

пешина
аз 343
навбатӣ