Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Пайрав дар бандҳои минбаъда сабабҳои ба ин вазъият гирифтор шудани зан ва ҳолатҳои рӯҳии ӯро ба воситаи калимаҳои таҷнисӣ, тазодӣ, хитобӣ ва махсусан тавсифӣ (хаставу бемору бемадор, бекасу беёру бемакону бепарастор, дилфигору парешон) нишон медиҳад. Зан, кӯдаки гуруснааш дар бағал, навмедона аз кӯчае мегузарад, ки чашмаш ба бинои мунаккашу шишакории «ошхонаи кафешантан» меафтад. Аз девори шишакорӣ манзараи айшу ишрат ва дастурхони пурнозу неъмат равшан намудор буд. Зани бечора ба ин манзара хомӯшона менигарист, вале кӯдаки гурусна тоқат надошт:

Кӯдак чашмаш чу ба таом бияфтод,
Аз алами гуруснагӣ ба шиша дарафтод.
Модараш оғоз кард зорию фарёд,
Мусю, як луқма гӯшт! Мистирис, нон!

Воқеа торафт шиддат мегирад. Полиси шаҳр аз доду фарёди кӯдак дар ғазаб шуда, занро лагадкӯб мекунад. Аз зарби лагад кӯдак аз дасти модар афтида нобуд мешавад. Банди ҷамъбастии шеър басо риққатовар ва пурсӯз аст:

Хӯрд сари ӯ ба санги сахти сари роҳ,
Мағзи сараш пош-пош гашт ба ҳар ҷо.
Мӯйканон модар уфтод, ки: –Эй воҳ!
Тифлаки бечораам талаф шуда. Қурбон!

Шеъри “Як қурбонии кӯчаи буржуазии Аврупо” аз 10 банди ҷаҳормисраъӣ иборат аст. Пайрав Сулаймонӣ дар ин шеър ба воситаи нидоҳо, муроҷиатҳои хитобӣ, такрор, таҷнис, тавсиф ва калимаҳои ҳамовоз (Хӯрд сари ӯ ба санги сахти сари роҳ) ифоданокии шеърро боз ҳам афзун мегардонад ва нисбат ба гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа ҳам раҳму шафқат ва ҳам нафрату бадбиниро бедор мекунад.

пешина
аз 343
навбатӣ