Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Достонҳои “Тахти хунин”, “Ҷумҳурияти хунин”, “Тоҷикистон ва матбуоти ранҷбарии тоҷик” ва асари нотамоми “Манораи марг” ҳар се дар жанри маснавӣ (аа, бб, вв...) эҷод гардидаанд. Достони “Тахти хунин” (1931) аз оғоз ва ҳашт боб иборат аст ва чунон ки худи шоир ишора кардааст, дар он манзараҳои истибдоди охирин амири сулолаи манғитияи Бухоро – Олимхон (1880-1946) тасвир гардидааст. Дар оғоз макони воқеа нишон дода мешавад. Аз ифодаҳои пайдарпайи тазодиву маҷозӣ дар баробари намуди зоҳирии маркази зулму истибдод ва қатлу ғорат будани қасри подшоҳӣ равшану возеҳ эҳсос мешавад:
Дар миёнаҷойи боргаҳ ба ҳашам
Тахти сангин ситода мустаҳкам.
Ранги ӯ ранги гулгуни сиёҳ,
Нест гулгун, балки хуни сиёҳ.
Зери ӯ чорпояи пӯлод,
Назди ҳар поя буд як ҷаллод.
Шоир ба воситаи калимаҳои хун, сиёҳ, ҷаллод, шамшер, гург, ханҷар ва такрору тавсиф барин санъатҳои бадей моҳияти ҳақиқии ин қасри зоҳиран боҳашамату ботинан даҳшатнокро ошкор месозад. Дар боби якум образи соҳиби ин тахти даҳшатбор – амир Олимхон тасвир меёбад. Симои образи асосӣ чунон ҳунармандона офарида шудааст, ки хонанда аз тасвир ботини даҳшатноку воҳимаангези ӯро бо тамоми ҳастӣ эҳсос мекунад. Санъатҳои ташбеҳ, тавсиф, такрор ва махсусан муболиға (аз нигоҳаш ба ларза сад Чингиз) хислатҳои ғайриинсонӣ ва ботини нопоки ин амири ситамгарро ҷамъбаст намудаанд. Ифодаҳои чашмони пурхун, абрӯвони хамидаи пурчин, лаби ташнаи хун, панҷаи хунрез ва мисли бабр нохуни тез доштан дар ифодаи мукаммали образ саҳм гирифтанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё