Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Рӯйи он тахтасанги пурдаҳшат
Буд биншаста марди бадҳайбат.
Чашмҳо хира-хираву пурхун,
З-он ҳувайдост қаҳру хашму ҷунун.
Абрӯвони хамидаи пурчин,
Чини ӯ сар кашида то ба ҷабин.
Риши хурмоирангу пурҳаму тоб
Бар занах печ хӯрда ҳамчу таноб,
Лаб ба хун ташна, панҷааш хунрез,
Бабрсон ноҳунаш дарандаву тез,
Синааш пур зи ҷавру зулму ситез.
Аз нигоҳаш ба ларза сад Чингиз...

Таркибҳои тафсилии чашмҳои хира-хира, абрӯвони пурчини то ба пешона сар кашида, риши мисли таноб ба манаҳ печу тобхӯрда бо тобишҳои ҳаҷвии худ ҷаҳолати амирро боз ҳам бештар ошкор месозанд. Образи дигари достон мири ғазаб мебошад, ки он ҳам асоси таърихӣ дорад. Қӯшбегии аморати Бухоро Низомиддинхӯҷа бо ҳаммаслаконаш моҳҳои март-апрели соли 1918 дастгоҳи нави одамкушӣ — ба ғарғара кашидани одамонро «ихтироъ» мекунад. Амир Олимхон барои ин «хизматаш» ба ӯ “мири ғазаб” ном медиҳад, ки маънои раиси ҷаллодонро дошт. Образи мири ғазаб дар бобҳои чорум ва панҷуми достон тасвир меёбад. Мири ғазаб бо ифодаҳои такрор ба такрори каммазмун амирро васф мекунад. Вале дар суханони бетартибу каммазмунаш нисбат ба амир садоқату самимият ҳис намешавад. Пайрав Сулаймонӣ ба воситаи киноя, тазод, муболиға ва талмеҳ барин воситаҳои тасвир рӯҳи ҳаҷвии суханони мири ғазабро афзудааст:

Эй ба фармонат шаҳрҳо вайрон,
Фуқаро кӯ ба кӯю саргардон!

пешина
аз 343
навбатӣ