Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Эй ки бо як ишора, дар як он
Мамлакатро намуда гӯристон...
Эй ту бо амну сулҳ дорӣ ситез
Эй ки паймонаат зи хун лабрез!

Таркибҳои киноявии «авлоди поки шоҳи араб будан», «дар олам шӯҳрат афкандан», ташбеҳи ба гӯристон монанд кардани мамлакат ва муболиғаи ба як амр сад ҳазор фақир ҳалок намудан кулли хислатҳои манфури амирро ошкор месозанд. Дар айни ҳол аз суханони мири ғазаб симои нафратовару ботини нопоки худи ӯ ҳам маълум мешавад. Мири ғазаб дар бераҳмӣ, ваҳшигӣ, ҷаллодӣ ва бадмастиву бадахлокӣ аз амир камӣ надорад. Ӯ беибо назди амир аз қатлу ғоратҳояш ҳисобот медиҳад ва аз ин рафтори ваҳшиёнаи худ ифтихор ҳам мекунад:

Кӯдаконро ба кӯра дардодам,
Сӯз дар синаи падар додам.
Наъшуҳо дар танӯр сӯзондам,
Чашмҳоро ба тир дӯзондам.
Дасту бинию гӯш буррондам,
Зинда-зинда ба гӯр гӯрондам,
Хун чун дар ҷӯйҳо равон кардам,
Даштро боғи арғувон кардам...

Дар боби ҳафтуми “Тахти хунин” образи намояндагони халқи мазлум мушоҳида мешавад. Инҳо шаш нафар аз нажоди кӯҳистонанд ва азбаски аз супурдани андози подшоҳӣ саркашӣ карданд, навкарон онҳоро дасту по баста назди амир овардаанд. Фақирони кӯҳистонӣ чунон “пиру ранҷуру хаставу беморанд”, ки ҳатто қувваи додхоҳӣ кардан ва ба пурсишҳо ҷавоб доданро надоранд. Шоир сабаби тарсӯй ва беҷуръатии фақирони кӯҳистониро дар мустаҳкам будани пояи зулм медонад:

пешина
аз 343
навбатӣ