Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Хостанд то зи шаҳ суол кунанд,
Додхоҳиву арзи ҳол кунанд.
Муштҳои қавии ҷаллодон
Хӯрд бар фарқҳояшон чандон,
Чашмҳо аз ҳадиқа берун шуд,
Мағзҳо ҳар тараф парешон шуд.

Пайрав Сулаймонӣ дар ҳафт боби достон ба дараҷаи ниҳои расидани ҷабру зулмро дар аҳди ҳукумати манғития нишон медиҳад. Дар боби хотимавии асар шоир бо қувваи халқи меҳнатӣ аз байн бурдани тахти хунини амир Олимхонро мухтасар тасвир мекунад ва бо ҳамин ғояи бебақо будани пояи зулм талқин мешавад.

НАМУНАИ АШЪОР:

Мувашшаҳ

Қариби моҳи наврӯз аз қазо рафтам ба бозоре,
Бидидам лӯҳбате биншаста ба дӯкони атторе.
Аз он сӯ як нигоҳе сӯи ман кард он парирухсор,
Руҳашро дидаму филҳол гаштам ошиқи зоре.
Равон гаштам ба сӯяш гуфтам, эй шоҳаншаҳи хубон,
Раво дорӣ бимирам дар фироқат бе касу ёре.
Яке аз рӯи раҳмат сӯи муштоқон раҳмате кун,
Қадат сарву рухат хуршед, бӯят мушки тоторе.
Санавбар пеши қаддат гашта хам монандӣ маҷнунбед,
Ба гирди оразат зулфи сиёҳат чу шаби торе.
Агар аз остин берун барорӣ дасти ҳамчун гул,
Миёни борикат чу мӯ, хиромат кабкрафторе.
Лабат ёқути аҳмар, дурри дандонат садаф хонам,
Ду абрӯят камону чашми шаҳло баҳри озоре.
Ҳар кас номи он симинбадан пурсад, бигӯ, Пайрав,
Нигоҳе кун ба даври он мувашшаҳ фаҳм агар дорӣ.

пешина
аз 343
навбатӣ