Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Аммо вай дар вақташ худдорӣ карда, онро бо сухани маънояш тамоман дигар — «мурам» иваз кард.

Аз тарафи ҷавони ирландӣ сангдилӣ мебуд, агар ба духтар иқрор шуда намегуфт, ки вай низ ҳаминро ҳис мекунад. Сабаби дар дашт иқомат ихтиёр карданаш ҳамин буд. Агар ҳамин гуна шуғл, ки қариб то шӯру ҳарорат мерасид, намебуд, эҳтимол, ҳеҷ гоҳ «Морис — мустангер» намешуд.

Эҳсоси хаёлпарастона бо риё унс гирифта наметавонад. Ин эҳсос агар дар худи ҳаёт ба худ такягоҳ пайдо карда натавонад, дере нагузашта нест мешавад. Ба мустангер ногувор мебуд, агар ҳатто ба худаш иқрор мешуд, ки маҳз барои вақтгузаронӣ ба сайди аспони ваҳшӣ машғул мебошад — барои он ки баҳонае дошта бошаду даштро тарк накунад. Шояд, аввал розӣ шуда, инро эътироф менамуд, аммо вақтҳои охир ифтихори шикорчии касбӣ дар қалби ӯ чуқур ҷойгир шуда буд.

Ҷавоби Морис бе латофат ва сард буд.
— Метарсам, мисс, ки чунин зиндагии сахт зуд ба дилатон мезад — зиндагии бехонаву ҷой, бе одам, бе...
— Ба шумо чӣ, сэр? Чаро ба дили шумо намезанад? Дӯсти шумо мистер Стумп ба ман гуфт, ки чанд сол боз шумо ҳамин хел зиндагӣ мекунед. Ин рост аст?
— Комилан рост — дигар хел зиндагӣ маро ба худ ҷалб намекунад.
— Оҳ, чӣ тавр мехостам ки ман низ ҳаминро гӯям! Ба шумо ҳасад мебарам! Боварӣ дорам, ки дар миёни ин табиати дилрабо беандоза хушбахт мебудам.
— Танҳо? Бе ёру дӯст? Ҳатто бе сарпаноҳе?
— Ман инашро нагуфтаам... Вале шумо чӣ хел зиндагӣ доштаатонро ба ман нагуфтед. Хона доред?
— Иқоматгоҳи ман лоиқи ин гуна номи дабдабанок нест, — хандида ҷавоб дод мустангер. — Барои он ки доир ба хакалей ман — яке аз оддитарин манзилҳое, ки дар кишвари мо меборад, тасаввур дошта бошед, гумонам, кулба аз ҳама калимаи мувофиқ аст.
— Дар куҷо воқеъ гардидааст? Наздик ба чойхони мо имрӯз будагӣ?
— Аз ин ҷо чандон дур не — камтар аз як мил. Дар ғарб нӯги дарахтонро мебинед? Онҳо кулбаи маро аз офтоб паноҳ ва аз тӯфон муҳофизат менамоянд.
— Наход? Ман мехостам онро бибинам! Кулбаи оддӣ, мегӯед?
— Ҳа.

пешина
аз 509
навбатӣ