Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Як худаш танҳо?
— Аз даҳ мил наздиктар ягон манзил нест.
— Дар байни дарахтон? Ҷои хушманзара?
— Барои ҳар кас ҳар хел.
— Барои фикри худамро доштан мехостам онро бинам. Фақат як мил роҳ мегӯед?
— Як мил он тараф, як мил ин тараф — ҳамагӣ ду мил.
— Ҳеҷ гап не, бисёр равад, бист дақиқа вақт меравад.
— Метарсам ки сабру тоқати наздикони шуморо сӯиистифода мекунам.
— Шояд, меҳмоннавозии шуморо! Мебахшед, мистер Чералд, — ба гап давом намуд духтар ва андӯҳ ба рӯяш соя афканд, — ман дар ин бора фикр накардам. Эҳтимол, шумо танҳо набушед? Дар кулбаи шумо боз ягон каси дигар ҳам ҳаст?
— Ҳа! Ман дар ин ҷо танҳо сокин нашудаам. Ҳамроҳам...
То мустангер суханашро ба охир расондан, дар тасаввури Лунза симои духтаре пайдо шуд, ки бо ӯ ҳамсин, вале саҳл сергӯшттар, ранги пӯсташ биринҷӣ буда, чашмони бодомшакл дошт. Дандонҳояш, шояд, аз дурру марҷон сафедтар, гунаҳояш ба ранги садбарги тар, мӯяш мисли думи Кастро дароз, дар гардан шаддаи марҷон, дар дасту по дастпона, юбкаи кӯтоҳи нақшу нигораш печ дар печ дӯхташуда, дар пои хурдакакаш мокасини шилшиладор. Лунза бошандаи дуюми кулбаи мустангерро ҳамин тавр тасаввур мекард.
— Шояд, омада мондани меҳмон, хусусан меҳмони ношинос чандон хуб набошад?
— Баръакс, вай хоҳ меҳмони ношинос бошад, хоҳ ёрӯ дӯст бисёр хурсанд мешавад. Бародари ширхораи ман хеле одами хушчакчак, аммо, бечора, акнун рӯи одамро кам мебинад.
— Бародари ширхораатон?
— Ҳа. Номаш Фелим О'Нил. Ман барин зодгоҳи ӯ Ҷазираҳои Зумуррадин 1, графин Голуэй аст. Лекин дар шеваи гуфтораш назар ба ман лаҳҷаи ирландӣ бештар ҳис карда мешавад.
— Оҳ, чи тавр ман мехостам гапзании ӯро шунавам! Охир лаҳҷаи графии Голуэй хеле ба худаш хос аст. Рост не?
— Дар ин бора қазоват кардани ман мушкил, охир ман худам аз он ҷо. Вале агар розӣ бошед, ки ягон ним соат аз меҳмоннавозии Фелим баҳраманд шавед, он гоҳ дар ҳаққаш фикри худатон пайдо мешавад.
1 Ҷазираҳои Зумуррадин — номи шоиронаи Ирландия.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё