Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Пайгир фақат сар ҷунбонд.
— Раваду вай ҳиндуи тағйири либос карда бошад? — аз нав ба ӯ рӯ овард майор.
— Шумо чӣ қадаре ки донед, ман ҳам ҳамон қадар медонам, майор,— ҷавоб дод пайгир.— Шояд, монанд ба ҳамин ягон чиз бошад. Аз ду яке: ин ё одам аст, ё хӯса.
— Албатта, ин хӯса мебошад,— каме осуда нафас гирифта гуфтанд якчанд нафар.
— Касе ки набошад — хоҳ одам бошад, хоҳ иблис ё хоҳ хӯса,— гуфт аъзои гурӯҳ, ки якумин шуда фикрашро баён карда буд,— чаро дониста нагирем, ки изи вай ба куҷо мебарад, агар, албатта, ӯ из мегузошта бошад.
— Мо ба зудӣ инро мефаҳмем,— ҷавоб дод Спенглер.— Изе, ки мо гирифта рафта истодаем, ба ҳамон тараф мебарад. Рафтан мумкин, майор?
— Албатта, чунин як чизи беҳуда набояд ба ҷустуҷӯи мо халал расонад. Ба пеш!
Саворон асп тозонданд, баъзеи онҳо дудила буданд. Дар отряд касоне буданд, ки агар ихтиёрашон ба худашон мебуд, дарҳол сари аспонро ба ақиб гардонида мерафтанд. Ба ҷумлаи онҳо Колхаун низ дохил мешуд. Чун ӯ савораи бесарро дид, аз тарс караҳт шуда монд; нохост рӯҳ аз чашмаш парид, дар лабонаш хун намонд, ҷоғи поёнаш овезон шуд ва ба зӯр худро ба даст гирифт, ки дарак-дарак наларзад.
Агар изтироби умумӣ намебуд, чеҳраи аз тарс баднамошудаи ӯ, албатта, диққати ҳамаро ба худ ҷалб менамуд. Вале то дами ғоиб гардидани шабаҳи аҷибу ғариб ҳама чашм наканда ба савораи бесар менигаристанд. Вақте ки отряд ба роҳ даромад, Колхаун дар сафи қафо мерафт ва ҳеҷ кас ба вай аҳамият намедод.
Гапи Спенглер дуруст буд: ҷон савораи пурасрор қадаре истодагӣ дар роҳи отряд воқеъ гардида буд.
Вале дар он ҷо аз из осоре дида намешуд, гӯё ин дар ҳақиқат шабах буд.
Зимнан, ҷавоби он хеле осон буд. Ҳамон ҷое, ки асп тоб хӯрда буд,— ва баъд ба масофаи чандин мил,— сатҳи замин бо қабати ғафси реги сафед пӯшида шуда буд. Шикорчиён ин ҷойро «дашти табошира» меномиданд. Гоҳ ҷо-гоҳ сангҳо рӯгардон ва харошида шуда буданд — зоҳиран ин аз наъли асп буд. Вале фақат чашми пайгири пуртаҷриба ин изҳоро фарқ карда метавонист.
Изи мустанги наълдор ҳам, ки онҳо гирифта мерафтанд, гум

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор