Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Креолдухтари ҷавон то дақиқаи охирин оромиро нигоҳ дошт. Акнун он вайрон карда шуд... Тасодуфан буд ё қасдан, аммо Флоринда ба фикрҳои аз ҳама ниҳонии бонуи ҷавонаш даҳл кард.

Луиза намехост, ки сирри худро ҳатто ба канизакаш ошкор кунад ва чун аз рӯи ҳавлӣ садои овозҳои баланд шунида шуданд, — ин барои зудтар тамом кардани орону перон ва бо он якҷоя гуфтугӯе, ки идома додан намехост, баҳонаи нағз буд.

Боби XI

МЕҲМОНИ НОХОНДА

— Ӯй мазанг, хоҷаат куҷост?
— Масса Пойиндекстер, сэр? Пираш ё ҷавонаш?
— Ба ҷавонаш корам чӣ? Ман мистер Пойиндекстерро мегӯям. Ӯ дар куҷост?
— Ха-ха, сэр, ҳардуяшон дар хона, яъне ҳардуяшон ҳам дар хона нестанд — на хоҷаи пир дар хона ҳаст, на ҷавонаш масса Генри. Онҳо дар он ҷо, дар поён, — дар лаби дарёча, чиги нав месозанд. Ха-ха, ҳардуяшон дар ҳамон ҷо.
— Дар поён, дар лаби дарёча? Ба фикри ту дарзёча аз ин ҷо дур?
— Оҳ сэр! Ба фикри зангӣ, бисёр дур бошад, се-чор миль!
— Се-чор миль? Ақлат пӯсад! Магар плантацияи мистер Пойиндекстер ҳамин қадар калон аст? Ба андозае ки ман медонам, ӯ аз қабили касоне нест, ки замини бегонаро аз они худ кунад. Гап ҳамин: нағзаш гӯй ки кай гашта меояд? Инашро ту бояд донӣ.
— Ҳардуяшон ҳам бояд ба зудӣ гашта биёянд — ҳам хоҷаи ҷавон, ҳам хоҷаи пир ва масса Колҳаун ҳам. Дар ин хона базми калон мешавад — бӯй кунед, аз ошхона чи хел бӯи нағз меояд! Чи чизҳое ки напахта истодаанд — ҳам таомҳои бирён, ҳам дар об пухтагӣ, ҳам яклухт танаи пӯсткандаи ҳайвонҳо, запеканка, ҳам гӯшти мург! Зиёфат аз базмҳои дар Миссисипи мешудагӣ мондагӣ надорад. Шарафи ифтихор бод ба масса Пойиндекстер! Вай ҷони одам, ха-ха, марди ношинос! Чаро шуморо ба зиёфат таклиф накарданд — ё шумо дӯсти хоҷаи пир нестед?

пешина
аз 509
навбатӣ