Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Ба ҷаҳаннам рав, зангӣ, магар маро дар ёд надорӣ? Ман бошам, ба башараи сиёҳи ту нигариста туро мешиносам.
— Худоё! Наход ин масса Стумп бошад, ки дар плантатсияи кӯҳна гавазн ва мурғи марҷон меовард! Ҳа, худи худаш! Росташ, масса Стумп, зангӣ туро чунон нағз дар хотир дорад, ки гӯё ҳамаш дирӯзакак буд. Шумо, зоҳиран, як чанд рӯз пеш ба ин ҷо омада будед, аммо ман набудам. Ман ҳозир фойтунчӣ — корераи бонуи ҷавони плантатсия, мисса Луии соҳибчамолро ҳай мекунам. Ба худо, масса, зеботар аз ӯ духтар ёфтан мумкин не! Мардум мегӯянд, ки Флоринда патаки кафшаш намешавад... Хайр, ҳеҷ гап не, масса Стумп, нағзаш камтар сабр кунед — хоҷаи пир ҳамин замон расида меояд.
— Майлаш, ҳамин тавр бошад, ман сабр мекунам, — саросема нашуда аз асп фуромада ҷавоб дод шикорчӣ. — Гӯш кун,— лаҷомро ба зангӣ дода ба гап давом намуд ӯ,— панҷ-шаш сар ҷуворимакка ба ӯ деҳ. Ҳайвони бечораро тозонда, зиёда аз бист мил роҳро бо суръати раъд тай карда омадам — барои хоҷаи ту ҷон хоҳондам.
— Оҳ, мистер Зебулон Стумп, ин шумоед?— баланд гардид овози чарангосӣ ва дар айвон Луиза Поиндекстер пайдо шуд. — Ман ҳамин тавр фикр кардаам, ки ин шумоед, — ба панҷара наздик омада, ба гапаш давом намуд вай,— агарчи гумон накарда будам, ки ба ин зудӣ шуморо мебинам. Шумо гӯё гуфта будед, ки ба сафари дур меравед. Аммо шодам, ки шуморо дар ин ҷо мебинам; падарам ва Генри ҳам шуморо дида ҳурсанд мешаванд... Плутон, ҳозир ба назди ошпаз Хлое рафта фаҳм, ки кадом хӯрокаш тайёр, барои мистер Стумп биёрад... Охир шумо наҳор нахӯрдаед, ҳамту не? Ҳама ҷоятон пури гарду чанг — шояд, аз роҳи дур омадаед?.. Гӯш кун, Флоринда, тозон рафта аз буфет ягон нӯшокӣ биёр. Эҳтимол, мистер Стумп ташна монда бошанд — охир имрӯз ҳаво хеле гарм... Кадомаш ба шумо маъқул: портвейн, шерри, клорет? Эҳ-ҳа, акнун ба хотирам омад — шумо вискии мононгахилро нағз мебинед. Ба фикрам, ҳаст... Рафта бин, Флоринда, ки чӣ чиз ҳаст... Ба айвон бароед, мистер Стумп, ва лутфан, нишинед. Шумо падарамро диданӣ будед? Ҳамин замон расида омаданашон лозим. Ман бошам ҳоло кӯшиш мекунам, ки шуморо ҳурсанд карда истам.
Агар креолдухтари ҷавон гапашро пештар тамом мекард ҳам, аз ду сар дарҳол ҷавоб намегирифт. Ҳатто ҳозир ҳам Стумп пас аз якчанд сония ба гап сар кард. Ӯ аз Луиза чашм наканда меистод ва гӯё аз завқу завқ кару гунг шуда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё