Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

— Худо меҳрубон аст, Луиза! — оқибат ба гуфтан сухан ёфт ӯ. — Вақте ки шуморо дар Миссисипи дида будам, фикр мекардам, ки шумо зеботарин маҳлуқи рӯи замин ҳастед. Аммо акнун боварӣ дорам, ки шумо дилрабову дилбартарин вуҷуд на фақат дар рӯи замин, балки дар осмонҳо мебошед! Худо аз чашми бад нигоҳ дорад!

Шикорчии пир муҳобот намекард. Мӯи нав шона задаи кре- олдухтари ҷавон медурахшид, ду рухсораш пас аз бо оби хунук шустушӯ кардан гулгун метофт. Бо қадди мавзун, бо куртаи тунуки хосаи ҳиндӣ Луиза Пойндекстер дар ҳақиқат аввалин паричеҳраи рӯи замин, балки, шояд, осмон ба назар менамуд.

— Худо аз чашми бад нигоҳ дорад! — аз нав хитоб кард шикорчии пир. — Ман дар умрам занонеро, ки ба назарам хуш- рӯ менамуданд, бисёр дидам ва зани ман ҳам, ки бори аввал дар Кентукки вохӯрда будам, дар ҳусну ҷамол камтар набуд, — ҳамааш ҳамин тавр. Аммо мисс Луиза, ҳаминро гуф- тани ҳастам: агар тамоми хушрӯгиҳои онҳоро ба як ҷо ҷамъ кунем, аз ду сар аз ҳазор як қисми зебогии шумо барин фариш- таро ташкил намедиҳанд.

— Ҳай-ҳай-ҳай, мистер Стумп, мистер Стумп, аз шумо уме- дам ин набуд! Чӣ тавре ки дида мешавад, Техас шуморо ба таъриф усто кардааст. Агар ҳамин минвол давом додан гиред, метарсам, ки ҳамчун одами ҳақгӯй шӯҳратро аз даст медиҳед. Акнун ман боварии комил дорам, ки дурустакак нӯшиданатон лозим... Тезтар биёр, Флоринда!.. Шумо, зоҳиран, гуфтед, ки вискиро афзалтар мешуморед?

— Агар нагуфта бошам, пас, ба ҳар ҳол, аз дил гузарони- даам, ин бошад ҳардуяш қариб як гап. Оре, мисс, ман аз ҳамаи нӯшокиҳои хориҷӣ нӯшокии ватании худамонро авлотар медонам ва агар дида монам, то маззаашро начашам, хотирам ҷамъ намешавад. Аз ин ҷиҳат Техас маро дигар накардааст.

— Масса Стумп, барои қатӣ кардан об биёрам? — пурсид Флоринда, ки ним стакан вискиро бардошта омада буд.

— Не, ҷонакам! Об чӣ лозим! Имрӯзаш кати об ба дилам задагӣ. Аз пагоҳӣ боз ба даҳанам як чакра май гирифтагӣ не, ҳатто бӯяшро нашунидаам.

— Мистер Стумпи азиз, вале охир вискиро ин тавр нӯшидан мумкин не — вай гулӯятонро месӯзонад. Камтар асал ё қанд гиред.

— Неъматро ҳайф кардан чӣ лозим, мисс! Виски бе ин давоҷот ҳам нӯшокии нағз аст ва, хусусан, пас аз он ки шумо

пешина
аз 509
навбатӣ