Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Дар он ҷо гашти рӯз, вақте ки офтоб пеш аз ғуруб ба қуллаҳои барфпӯши кӯҳҳои Орисаба, Попокатепетль, Талука ва кӯҳҳои Экизак нури гулобиранги худро мепошад, кабалерои мексикой сару либоси гулдӯзӣ дар тан дар назди сеньоритан гулрухсор худнамоӣ карда, дуди сигорашро рост ба рӯи вай сар медиҳад.
Зебосанами чашму абрӯсиёҳ нармдилона ба эътирофоти ошикона оромона гӯш медиҳад, шояд, гӯш надиҳад, балки фақат вонамуд мекунад ва маҳзунона ба осиёндаи аз он ҷо дур, ки каси дилашро ба ӯ бахшидагӣ зиндагӣ мекунад, менигарад.
Шомро дар болои боми хона гузаронидан — ин урфу одати дилписандест, ки ҳар каси ба осиёндаи мексикой кӯчида омадагӣ ба он риоя мекунад. Комилан табиист, ки оилаи плантатори Луизиана низ ба он риоя менамуд.
Ва ин бегоҳ, вақте ки хонаи таомхӯрӣ холӣ шуд, меҳмонон дар меҳмонхона не, балки дар болои бом ҷамъ шуданд. Офтоби фурӯ рафта истода бо шуъбаҳои уребаш ба чунин ҷамоаи зебо ва хушҳол, ки гумон аст мислаш ягон вақт дар асотеяи Каса-дель-Корво ҷамъ омада бошад, нур мепошид. Меҳмонон дар рӯи фарши гулбаровардаи он сайру гашт мекарданд, гурӯҳ-гурӯҳ меистоданд, ё дар назди деворчаи асотея истода ба дур менигаристанд. Ҳатто замонҳои пеш, вақте ки соҳиби пештарии Каса-дель-Корво идалгоҳои маҳаллии сар то сари Коауил ва Техас аз ҳама машҳурро пазирой мекард, — ҳатто ҳамон вақтҳо ин бегоҳ барин дар ин ҷо гулҳои сари сабади диловарон ва соҳибҷамолон ҷамъ наомада буданд.
Ҷамоате, ки дар Каса-дель-Корво ҷамъ омада, Вудли Пойндекстерро ба муносибати ба мулки Техас кӯчида омаданаш табрик карда истода буданд, ба дарвозаи ашхоси баргузидаи на фақат Леона, балки маҳалҳои басе дурдаст тааллуқ доштанд. Дар ин ҷо аз Гонсалес, аз Костровилла ва ҳатто аз Сан-Антонио — дӯстони деринаи плантатор, ки ӯ барин, ба ҷануби ғарбии Техас кӯчида омада буданд, меҳмонон ҳузур доштанд; бисёрии онҳо зиёда аз сад миль роҳро асп тозонда омада буданд, ки дар ин тантана иштирок кунанд.
Плантатор барои шукӯҳу ҳашамати базм на пулро дареғ дошта буд, на меҳнатро. Мундирҳо ва эполетҳои пурчилои афсарҳои мукаллаф, оркестри ҳарбӣ, майхони кӯҳнаи хуштаъми таҳхонаҳои Каса-дель-Корво — ҳамаи инҳо ба базм шукӯҳу дабдабае мебахшиданд, ки то ин дам соҳилҳои Леона мислу монандашро надида буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё