Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

омхӯрӣ омада монад, ӯ, албатта, мефаҳмад, ки ҳеҷ кас ба назди вай баромада наметавонад, — дар он сурат, лутфан, шумо камтар ӯро нигоҳ доред. Шумо ба ман қавл медиҳед?
— Модоме, ки шумо илтимос мекунед, албатта.
— Ташаккур. Вақте ки омад, ҳатман ба ман хабар диҳед. Ман худам иззаташро ба ҷо меорам.
— Метарсам, ки мисс, мабодо иштиҳояшро баста намонед. Ҳатто гурги гурусна баробари дидани шумо ӯ шунидани овози ҷарангосии шумо дилаш сер мешавад. Вақти ба ин ҷо омаданам чунон гурусна будам, ки агар мурғи марҷони хом мебуд, паққос мезадам. Вале акнун хӯрок ҳам даркор не, як моҳ бошад ҳам, таом нахӯрда гашта метавонам.
Дар ҷавоби суханони шикорчии пир Луиза хандаи ҷарангосие кард ва ба он тарафи ҳавлӣ нишон дод, ки аз дари ошхона Флоринда лаълӣ ба даст мебаромад ва аз пасаш Плутон меомад, — ӯ низ лаълӣ дар даст дошт, вале он васеътар ва басе дурустакак бор карда шуда буд.
— Эҳ, кӯҳпайкари азиз! — бардӯруғ, таъназанон гуфт креолдухтар. — Ҳеҷ бовар намекунам, ки бо осонӣ иштиҳои шумо баста мешуда бошад... Ана, Плутону Флоринда ҳам расида омаданд! Он чи ки онҳо оварда истодаанд, аз ман дида бо шумо нағзтар улфатӣ мекунад. Бинобар ҳамин ман шуморо монда меравам. То дидан Зеб! То дидан!
Ин суханон бо оҳанги ширин ифода карда шуданд; Луиза форигболона аз айвон гузашт, вале ҳамин ки худро дар ҳуҷрааш танҳо дид, аз нав ғарқи фикру хаёл гардид.
«Тақдирам ҳамин. Ман ҳис мекунам, ман инро медонам. Ман метарсам, ки ба истиқболи тақдир равам, вале қудрате надорам, ки худдорӣ кунам. Наметавонам ва намехоҳам!» — пичиррос зад ӯ.

БОБИ XII

РОМ КАРДАНИ АСПИ ВАҲШӢ

Асотея — қисми аз ҳама дилписанди ҳавлии мексикой мебошад: фарши он — боми ҳамвори асиенда, бомаш бошад — гунбази кабуди фалак аст. Дар ҳавои нағз — дар ин иқлими пурфайзу баракат ҳамеша ҳаво нағз аст — асотеяро ҳамчун меҳмонхона истифода мебаранд.

пешина
аз 509
навбатӣ