Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Чӣ хел аспи зебо! — баробари ба хона наздик овардани мустанги ваҳшӣ, ки аз муҳити ғайримуқаррарӣ фавқулодда ба ҳаяҷон омада буд, якчанд овоз баланд гардид.

— Пони фуромада ба ин ваҳшӣ аз наздик нигоҳ кунем, меарзад, — гуфт зани майор, ки феълу атвори пурвач дошт.— Биёед пони фуроем. Фикри шумо чӣ, мисс Пойдекстер?

— Ихтиёратон, — дар миёни овозҳои исроркоронаи умум ҷавоби бонуи ҷавон шунида шуд.

— Биёед пони мефуроем, тезтар бошед!

Бо роҳбарии зани майор хонумҳо аз зинапояи сангӣ ба поён тохтанд. Мардҳо аз паси онҳо равон шуданд. Баъд аз якчанд дақиқа мустангер, ки ҳамоно савори асп буд, ҳамроҳи асираи хол-холаш худро дар миёнҷои маъракаи зариф дид.

Генри Пойдекстер пешдастӣ намуда, дӯстона ба мустангер салом дод.

Луиза фақат саҳл ҳам шуда, ба Морис таъзим кард. Беш аз ин ба савдогари аспон илтифот зоҳир намудан, ҳатто агар ба назар гирем, ки ба туфайли шиносӣ ба ин сазовор буд, Луиза ба ин кор ҷуръат накард, чунки дар гумон ин ба меҳмонон маъқул мешуд.

Аз ҳамаи занҳо фақат зани майор кушодарӯёна ба мустангер салом дод, вале он ҳам мутакаббирона ба ҷо оварда шуд ва дар оҳанги гапзании вай илтифоти мағрурона ҳис карда мешуд. Дар ивази ин ӯ сазовори нигоҳи тез ва пур аз эҳсосоти маънидоронаи креолдухтари ҷавон гардид.

Зотан, ҳусни таваҷҷуҳ на фақат дар нигоҳи Луиза зоҳир мешуд. Ростӣ гапро гӯем, ба сару либоси чанголудаш нигоҳ накарда, мустангер хушрӯ буд. Роҳи дуру дароз гӯё ягон қадар ӯро монда карда накарда буд. Шамоли дашт чеҳраи ирландии ҷавонро гулгун карда буд; гардани боқуввати аз сӯхтани офтоб биринҷирангаш хушрӯии диловаронаи ҷавонро таъкид мекард. Гарду чанге ки ба мӯи анбӯҳаш нишаста буд, дурахш ва зебонии онро пиҳҳон дошта наметавонист. Дар тамоми андоми мавзунаш тобоварии фавқулодда ва қудрату матонат ҳис карда мешуд. Чандин чашми зан дуздида ба вай нигариста, кӯшиш мекарданд, ки чашмашон ба чашми ӯ афтад. Чиҳни хушрӯякаки интендант бо завқу шавқ ба вай табассум мекард. Мегуфтанд, ки зани интендант ҳам дам ба дам ба вай менигарист, вале ин, зоҳиран, фақат бӯҳтоне буд, ки аз зани духтур, ғайбатчини машҳури қалъа, сар мезад.

— Бешубҳа, ин ҳамон аспи ба ман гуфтагии Зеб Стумп аст,— гуфт Пойдекстер мустангро аз назар гузаронида.

пешина
аз 509
навбатӣ