Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Ҳа, худи худаш, — ҷавоб дод шикорчии пир ва ба Морис наздик шуд, ки ба вай ёрдам кунад.— Ҳақ асту рост, мистер Пойндекстер, ин худи ҳамон асп. То рафтани ман ҷавон ӯро дастгир карда будааст. Хуб шуд, ки ман дар сари вақт рафта расидам, абошод асп ба дасти каси дигар афтиданаш мумкин буд ва ин мисс Луизаро хеле дилтанг мекард.
— Гапатон дуруст, мистер Стумп. Марҳамати шумо нисбат ба ман хеле зиёд аст. Рости гап, намедонам ягон вақт кусури некиҳои шуморо бароварда метавониста бошам, — гуфт Луиза.
— «Кусурасро баровардан!» Шумо гуфтани ҳастед, ки мехостед ба ман ягон лутф кунед? Ин барои шумо мушкил не, мисс. Охир ман ягон кори ғайриоддӣ накардаам — як сайри дашт карда омадам, ана ҳамааш ҳамин. Аммо тамошои шумо барин зебосанамӣ, ки дар сар кулоҳи пар халонидагӣ ва юбкаи думаш дароз дораду ҳангоми ба ин модиён савор шудан аз пасатон хилпирос мезанад — ба ивази ин гуна музди меҳнат Зеб Стумп розӣ мешуд, ки то худи кӯҳҳои Сершух дартоз рафта биёяд!
— Оҳ, мистер Стумп, чи хел шумо хушомадгӯи ислоҳнопазир ҳастед! Ба атроф нигаред, касони аз ман дида ба таърифҳои шумо шоистаро бисёртар пайдо мекунед.
— Хайр, хайр! — ба занон парешонхотирона назар андохта ҷавоб дод Зеб.— Ман инкор намекунам, дар ин ҷо соҳибҷамолон бисёранд — ҷин занад, соҳибҷамолон бисёранд! Аммо, чи тавре, ки дар Луизианаи мо мегӯянд, Луиза Пойндекстер фақат яктост.
Қаҳкоси ханда, ки дар он танҳо каме овози занонро фарқ кардан мумкин буд, ҷавоби нутқи ботакаллуфи Зеб буд.
— Ба ивази ин асп ман аз шумо дусад доллар қарздор, — ба Морис рӯ оварда ва ба мустанги гули бодом нишон дода гуфт плантатор.— Зоҳиран, мистер Стумп ба ҳамин нарх бо шумо гуфтугӯ кардагӣ?
— Ман дар ин хариду фурӯш иштирок накардаам, — пурмаънёна ҷавоб дод мустангер ва бо назокат табассум намуд.
— Ман пули шуморо гирифта наметавонам. Ин асп фурӯхта намешавад.
— Рост? — гуфт Пойндекстер ва қадаме қафо гузошта аз қиёфааш дидан мумкин буд, ки ин сухан ба иззати нафсаш расидааст.
Плантаторон ва офицерон ҷавоби Морисаро шунида тааҷҷуби бепоёни худро пинҳон дошта наметавонистанд. Ба ивази мустанги ром карда нашуда дусад доллар, дар сурате ки нархи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё