Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

муқаррарӣ аз даҳ то бист доллар мебошад! Эҳтимол, мустанггер аклашро хӯрда бошад.

Аммо Морис ба онҳо имконияте надод, ки дар ин мавзӯъ баҳс карда шинанд.

— Мистер Пойндекстер,— пештара барин ӯ бо назокат ба гап давом намуд,— шумо ба ивази мустангҳои дигар ва ҳатто онҳо ба даст наафтодан пеш ба ман чунон пули нағз дода бу‑ дед, ки акнун иҷозат фармоед, арзи эҳтиром намуда, чи тавре ки дар Ирландияи мо мегӯянд, «барои бахту саодат» ин аспро тӯҳфа кунам. Аз рӯи урфу одати ирландиҳои мо, вақте ки ха‑ ридуфурӯши аспҳо дар ҳавлӣ барпо мегардад, ба каси додуги‑ рифт мекардагӣ не, ба зан ё ин ки ба духтараш тӯҳфа мена‑ моянд. Иҷозат диҳед ман ин урфу одати ирландиро дар Техас ҷорӣ намоям.

— Албатта! — баланд гардид якчанд овоз.

— Ман муқобил не, мистер Чералд,— дар назди афкори умум аз кӯҳнапарастии худ даст кашида ҷавоб дод плантатор.— Ихтиёр доред.

— Ташаккур, дентльменҳо, ташаккур! — гуфт мустанггер ва ба касоне, ки худашонро аз ӯ боло мешумурданд, ҳимоятталабо‑ на назар андохт.— Ин асп ҳам «барои бахту саодат» тӯҳфа ме‑ шавад. Ва агар мисс Пойндекстер розӣ шуда онро қабул ку‑ нанд, барои ман аз ин дида зиёдтар мукофот нест.

— Ман тӯҳфаи шуморо қабул мекунам, сэр, ва онро мин‑ натдорона қабул мекунам,— бори аввал гап зад креолдухтари ҷавон ва бетакалҷуфона пеш баромад.— Вале ба назарам...— ба гапаш давом намуд ӯ ва ба мустанг нишон дода, дар айни ҳол саволомез ба чашмони мустангер назар андохт,— ба наза‑ рам, асираи шумо ҳанӯз ром карда нашудааст? Вай дар наз‑ ди ояндаи номаълум аз тарс меларзад. Шояд, сулукро, агар ба табъаш маъқул нашавад, партофтан хоҳад, он гоҳ мани бечо‑ ра чӣ кор мекунам?

— Дуруст, Морис,— гуфт майор ва моҳияти махфии ин су‑ ханонро нафаҳмида, ба ҳамон касе ки танҳо ӯ метавонист маъ‑ нийи онҳоро сарфаҳм равад, рӯ овард.— Мисс Пойндекстер дуруст мегӯяд. Мустанг ба саворӣ тамоман омӯхта карда нашу‑ дааст — ин ба ҳар кас маълум. Канӣ, дӯсти азиз, камтар он‑ ро омӯхта кунед!.. Леди ва дентлменҳо! — ба атрофиён муро‑ циат кард майор.— Ин кирои тамошо мекунад, хусусан касоне, ки то ҳол ин гуна манзараро надидаанд... Канӣ, Морис, ба он савор шаведу ба мо нишон диҳед, ки ҷовандозони даштҳо ба

Аспи ваҳшӣ бори аввал одамро дар пушти худ ҳис кард.

пешина
аз 509
навбатӣ