Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Пас аз рафтани фургони озуқа дар плац-парад ҷамоати дигар ҷамъ омадан гирифт, ки кадре дигар хел буд.

Хонумҳои аспсавор пайдо шуданд, вале онҳоро хизматгорон не, чи тавре ки дар Англия ҳангоми шикор ин расм аст, балки дӯстон ё шиносон, падарон, додарон, домодон, шавҳаронашон ҳамроҳӣ мекарданд. Қариб ҳамаи ононе, ки дар бӯйрокӯбони Вуд-ли Поиндекстер ҳузур доштанд, дар ин ҷо ҷамъ омада буданд.

Худи плантатор, писараш Генри, додарзодааш Кассий Колхаун ва духтараш Луиза низ омада буданд. Духтари ҷавон савори мустанги гули бодом буд, ки вай дар базми Каса-дель-Корво диққати ҳамаро ба худ ҷалб карда буд.

Сайр барои он ташкил карда шуда буд, ки ба Поиндекстер барои меҳмоннавозиаш арзи миннатдорӣ намоянд; майор ва офицерон ташкилкунандагони сайр, плантатор ва дӯстонаш — мукаллафон буданд. Барои хурсанд кардани меҳмонон қарор доданд, ки ба шикори аспони ваҳшӣ бароянд, ки он тамошои хеле хуби нодире буд.

Шикоргоҳ фақат дашт шуда метавонист. Ин дашт тахминан бист миль ҷанубтари қалъаи Инҷ воқеъ гардида буд, ки дар он ҷо мустангҳои ваҳшӣ зиндагӣ мекарданд. Бинобар ҳамин барвақттар ба роҳ баромада, ба қадри кифоя озуқа гирифтан лозим буд.

Ҳамин ки шуоъҳои офтоб дар сатҳи обпасони Леона ба дурахшидан сар карданд, иштирокчиёни сайр бо мушояти бист драгун, ки аз қафо омадан ба онҳо супориш шуда буд, омодаи сафар гаштанд. Мисли хизматгорон онҳо низ роҳбалади худашонро доштанд, аммо вай пайшиноси пире набуд, ки нимтанаи рангпарида ва кулоҳи кӯҳнаи намадин ба сар дошта савори аспи логаре бошад, балки ҷавоне буд, ки сару либоси зебо пӯшида, савори аспи аҷлое буда, комилан ба роҳбаладии ин гуна ҷамоати латиф муносиб буд.

— Таноби роҳро кашед, Морис! — фарёд зад майор чун дид, ки ҳама аллакай ҷамъ омадаанд.— Мо ба сафар тайёр... Леди ва ҷентлменҳо! Ин ҷавон хулку атвор ва одати аспони ваҳширо нағз медонад. Дар Техас ягон кас аз Морис-мустан-гер дида шикори онҳоро ба мо нағзтар нишон дода наметаво-пад.

— Ман сазовори ин гуна таъриф нестам,— боадабона ба ҷамоат таъзим карда, ҷавоб дод ирландии ҷавон.— Ман фақат ваъда медиҳам, ки ҷон мустангҳоро ба шумо нишон диҳам.

«Чӣ хел ӯ хоксор!» — аз фикр гузаронид Луиза.

пешина
аз 509
навбатӣ