Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Рафтем! — фармон дод майор ва дастаи саворони шодмон бо сардори Морис Чералд ба роҳ даромаданд.

То ношито дар дашт бист миль роҳро тай намудан барои сокинони Техас ду пула гап аст.

Агар дар охир сахт гурусна мондани ҳамаро ба назар нагирем, аз байн се соат нагузашта, дастаи саворон бомуваффақият ба шикоргоҳ расиданд.

Хушбахтона, фургони озуқаворӣ бисёр мунтазир нашуд ва то нисфирӯз хеле вақт монда бошад ҳам, маъракаи пурҷунбуҷӯш дар соҳили Рио-де-Нуэсес дар зери дарахти азими гикори ба таомхӯрӣ нишаст.

Дар роҳ ягон воқеаи қобили таваҷҷӯҳ рӯй надод. Мустангер ҳамчун роҳбалад ҳар вақта барин пеш-пеш асп метозонд; дигар иштирокчиёни сайр, агар як-ду нафарашонро ба назар нагирем, ба ҷуз ҳамон мавридҳое, ки ӯ ҳамчун савори моҳир ҳамаро дар ҳайрат мононда, бо осонӣ аз ҷӯю хандақҳо ҷаҳида мегузашт, дар сурате ки дигарон роҳи гузар мекофтанд ё монеаро давр зада мегузаштанд, қариб ӯро пайхас намекарданд.

Ӯро ба бодиғӣ, худнамоии гумонбар шудан мумкин буд. Кассий Колхаун ҳамин гуна фикр баён кард. Шояд, ин дафъа капитани мустаъфӣ гапи дуруст гуфт.

Вале барои ин кӣ мустангерро мазаммат мекард! Шумо дар Англия ягон бор ба шикор рафтаед, ки аз ҳар тараф кулоҳҳои пархалонида шуда бо аломати салом мағрурона ишора мекунанд ва амазопкаҳо доманҳои дарози куртаҳошонро рӯрӯи алаф мекашанд? Шумо мегӯед, ки рафтаед, хайр аз ин чӣ? Эҳтиёт бошед ва мустангери техасиро бекора мазаммат накунед. Мулоҳиза фармоед, охир ӯ дар зери оташи бист ҷуфт чашмони зебо буд — баъзе аз онҳо мисли ситора медурахшиданд. Дар хотир дошта бошед, ки дар байни онҳо чашмони Луиза Поиндекстер низ буданд ва дар гумон, ки шумо аз ҳунарнамоии мустангер тааҷҷуб кунед.

Баъзе саворагони дигар низ ҳамчунон суботкорона кӯшиш мекарданд, ки ҷусту чолоқӣ ва диловарии худро нишон диҳанд. Драгуни ҷавон Генкок чандин маротиба исбот кардаӣ шуд, ки ӯ дар аспсаворӣ навшогирд нест, лейтенанти қӯшунҳои тирандозӣ ҳар замон ҷияни интендантро танҳо гузошта, пеш мерафт, ки санъати чобуксавории худро намоиш диҳад,— аммо

пешина
аз 509
навбатӣ