Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Дурандохт дур андохтан, дур партофтан; аз худ дур кардан
Дурдеҳа деҳаи дур
Дурдиёр диёри дур (дар масофаи дур ҷойгиршуда)
Дуредбарма барма (парма)-и дуредгарӣ /дуредпарма
Дурӣ дур будан; дар масофае қарор доштан
Дуррафт масофаи чӣ қадар дур рафтан
Дурустоин оини дуруст (соз)
Дурӯғбандӣ буҳтон задан
Дурӯғгап гапи дурӯғ; касе, ки гапи дурӯғин мегӯяд
Дурӯғомез дурӯғин, норост, нодурустӣ
Дурӯғпоя поя (асос)-и дурӯғдошта
Дурӯшгузорӣ гузоштани дурӯш, (нишонагузорӣ дар гӯши моли майда, масалан, гӯсфанд, барои ҷудо кардани моли худ аз моли бегона)
Дусон дугуна
Дусонӣ дугунагӣ
Дуту дутабақа; духам, дуқат, дутаҳ
Дучандафзоӣ ду баробар зиёд кардан
Дучоромад дучор омадан, рӯ ба рӯ задан
Душворбаро ҷое, ки ба он баромадан душвор аст
Душворгудоз ба душворӣ гудохташаванда (масалан, филиз)
Душворгузар ҷое, ки аз он гузаштан душвор аст

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё