Ҷаҳони Тоҷикон

1.1. Абумуслим – ҷанговари дин ва меҳанпарасти Хуросон
Муборизаи шадиди арабҳо дар ду сатҳ: муборизаи қабилаҳои
ҷанубӣ ва шимолии араб дар шарқи хилофат (дар Хуросон) ва байни
Умавиён ва Аббосиён барои ҳокимияти олии хилофат оғоз ёфта, оҳистаоҳиста дигар халқу миллатҳои онро низ фаро гирифт. Бо назардошти
далели таърихии ба Димишқ кӯчонидани пойтахти хилофати Умавиён,
ки ҷойгузини чаҳор «халифаи рошиддин» буд, мухолифони мафкуравии
онҳо (Аббосиён) ба ҷустуҷӯи пуштибонони худ аз пойтахт дур, яъне дар
музофотҳои шарқии он шурӯъ карданд. Абумуслими Хуросонӣ, маволӣ
(ғулом), ки дар Марв таваллуд шуда буд, ба ин ҷо фиристода шуд. Дере
нагузашта, дар миёнаи асри VIII, ӯ дар амал саркардаи ҷунбиши зидди
Умавиён аз тарафи Аббосиён дар Хуросон гардид. Дар ин ҷой қайд
кардан муҳим аст, ки ҳамзамон ӯ натанҳо эҳтиромро ба забони модарӣ ва
урфу одатҳои мардумаш нигоҳ дошт, балки ба арабҳо низ ин суннатҳоро
таълим дод. Вазъи онвақтаи Хуросонро муҳаққиқи олмонӣ ин гуна
тавсиф менамояд: «Дар Хуросон тақрибан 50 ҳазор сарбози араб буд ва
азбаски хидмати ҳатмии ҳарбӣ тақрибан нисфи аҳолии мардро ташкил
медод, ба эҳтимол 200 ҳазор араб дар минтақа мезистанд. Арабҳо ба
суннатҳои хуросонӣ одат карда буданд; дар музофоти умумӣ онҳо ҳис
мекарданд, ки бо сокинони маҳаллӣ муттаҳид шудаанд. Онҳо шимро ба
тариқи эронӣ ба бар мекарданд, шароб менӯшиданд, идҳои Наврӯз ва
Меҳргонро ҷашн мегирифтанд ва ашрофонашон мисли марзбон
(сардори минтақаҳои наздисарҳадии Сосониён. – М.А.) рафтор
мекарданд. Фаъолияти умумии тиҷоратӣ ва савдо боиси ҳамдигарфаҳмӣ бо эрониён гардид. Ҳатто дар бозорҳои Куфа ва Басра (шаҳрҳои Ироқ – М. А), ҳадди аққал забони форсиро ба андозаи арабӣ шунидан мумкин буд. Ба назар чунин менамуд, ки Абу Саид (волии арабҳо – М. А.) танҳо бо забони арабӣ ҳарф мезад ва, аз ин рӯ, барои суғдиён, ки танҳо форсӣ (аниқтараш, тоҷикии пешин – М. А.)-ро медонистанд, мубаллиғи (миссионери) мувофиқ набуд. Дар лашкари Абумуслим ҳатто арабҳо асосан ба форсӣ (тоҷикӣ. – М.А.) ҳарф мезаданд». Тавре ки аз ин порча бармеояд, дар ғарби минтақаи муқимии тоҷикон – Хуросон, паҳнкунандагони дини нав ба забони аҳолии маҳаллӣ фишор наоварда, онро бо забони муқаддаси Қуръон иваз накарданд, балки, баръакс, худашон барои гузаштан ба забони шоиронаи тоҷикӣ шуруъ карданд.
Маҳз лашкари Абумуслим буд, ба гуфтаи муҳаққиқ, «асосан, бо забони форсӣ ҳарф мезад», ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи табдил додани ислом аз дини сирф арабӣ ба дини фаромиллӣ (ҷаҳонӣ) баромад намуд.
Онҳо тавассути тағйири сулолаи Умавиён, барандагони арзишҳои маҳдуди арабӣ, ба сулолаи Аббосиён, ки ба ҳамаи халқу қабилаҳо, ки дини исломро қабул намуданд, хушмуомила буданд, ин динро ҷаҳонӣ намуданд. Нақши калидии Абумуслим ва хуросониҳо бо сарварии ӯ дар он аст, ки онҳо ба монанди мисриҳо, суриягиҳо ва дигарон дар ин раванд забони модарии худро гум накарда, забони арабиро ҳамчун забони дин қабул намуда, дар як вақт забони модарии худро ҳамагуна ҳифз карданд ва дар артиши хилофат дар шарқи он забони тоҷикӣ васеъ истифода мешуд.
Ба Абумуслим дар тӯли ду сол (с.747-749) муяссар гашт, ки тамоми норозиён (ҳам арабҳои яманӣ ва ҳам тоҷикон) аз давлати Умавиёнро дар Хуросон гирди худ ҷамъ оварда, волии (қоиммақоми) онҳо Насрро пеш кард ва дарвоқеъ ба манфиати Аббосиён табаддулоти ҳарбӣ ба амал овард. Сарлашкарони араби ӯ ҳатто дар чунин як минтақаи дурдасте, чун Хуталон артиши Умавиёнро шикаст доданд. Ҳамин тариқ, Абумуслим на танҳо дар нақши аввалин сарлашкари ғайриараб баромад карда, яке аз гурӯҳи ҳарбии арабро маҷбур кард, ки ба итоати ӯ гузарад, балки бо истифодаи нерӯи ҳарбӣ волии қонунии халифаи дар (Хуросон) бударо низ дар вазифа иваз кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё