Ҷаҳони Тоҷикон

(сарлашкар) бо қароргоҳаш дар шаҳри Нишопур ба тамоми ҳудуди аморат дар соҳили чапи Амударёро роҳбарӣ мекард. Бо вуҷуди ин, бартарии тадриҷии омили хориҷӣ дар таъинот ба мансабҳои олии ҳарбӣ (сипаҳсолар-сарлашкар) бо коҳиши объективонаи гуруҳҳои силоҳбадасти деҳқонон (кишоварзон) ва дар натиҷа афзоиши нуфузи горди туркӣ барои мавҷудияти минбаъдаи аморат нақши тақдирсоз бозид. Вақте ки низоми пардохти маоши артиш вайрон карда шуд, онҳо саркашӣ карда, ба иродаи сиёсии амирон не, балки ба сӯйи дастуроти руҳониёни парҳезгор моил шуданд.
Корҳои хоҷагидории дарбори амирро вакил назорат мекард, ки аз ҷиҳати мақому мансаб дар байни амир ва вазир меистод.
Руҳониён дар ҳаёти иҷтимоиву маънавии давлати Сомониён нақши муҳим дошта, қавитарин қувваи таъсиргузор ба давлат буданд. Далели таърихӣ, ки руҳониён амир Исмоили Сомониро ба тахти Бухоро даъват карда буданд, ки баъдтар ба пойтахти як давлати азим мубаддал гашт, бешубҳа, ба мавқеву мақоми онҳо хусусияти раднопазир бахшид. Олимон-фақеҳон аз ӯҳдадории бӯсидани замин дар назди амир озод карда шуда буданд, аз ҷумлаи онҳо Устод (баъдан муфтӣ ё шайх-ул-ислом) ба ҳайси сарвари руҳониёни ҳанафӣ интихоб карда мешуданд. Бо машварати онҳо, масъалаҳои давлативу динӣ ҳал мешуданд ва дар сохторҳои қудратии аморат мансабҳо низ иваз мешуданд. Ин олимонро дар Варорӯд ба забони тоҷикӣ донишманд меномиданд, ки амирони Сомониён ба онҳо муносибати эҳтиромона доштанд. Тавре таърихи минбаъда нишон дод, маҳз муносибати наздики ҳукумати дунявии амир ва қудрати маънавии (динии) садрҳои Бухоро кафолати асосии рушди устувори давлати Сомониён буд. Шикасти ин ҳамоҳангӣ, ки ба туфайли шавқи амири чоруми Сомониён Насри II Аҳмад ба ҷунбиши диниву мазҳабии қарматия ба вуҷуд омадааст, баъдан яке

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо