Ҷаҳони Тоҷикон

тариқ, то замони ҳукмронии амирони Сомониён, ин идораи олии судӣ тамоми маҳалҳои аҳолинишини ҷаҳони ислом, аз ҷумла, минтақаҳои дурдастарини онҳоро низ фаро гирифта буд. Аз ин рӯ, зарур омад, ки девони алоҳидае созмон дода шавад, ки барои эҷоди низоми суди амирӣ пешбинӣ шудааст, зеро мо ҳузури ин мақоми махсусро дар хилофат пайдо накардем. Гарчанде тимсоли ин девон дар шакли мавқеи қозии олии хилофат, ки ҳуқуқи таъин кардани ҳамаи қозиҳои зертобеъро дорад, ҳадди аққал аз замони Ҳорунаррашид вуҷуд дошт, аммо он дар рӯйхатти девонҳои хилофат набуд. Аз ин рӯ, таъсиси як мақомоти алоҳидаи махсуси ҷорӣ кардани адолат (адлияи давлатӣ) ба давраи Сомониён тааллуқ дорад.
Илова бар ин даҳ девони нисбатан бонизом фаъолиятдошта, дар дастгоҳи давлатии давлати Сомониён дарбори амир (даргоҳ) низ мавҷуд буд. Дар сари ин дарбори амир ва мансабдорони сершумори он ҳоҷиб («ҳоҷиби бузург») меистод, ки ба кори ҳамаи зердастонро роҳбарӣ мекард. Вай яке аз мансабдорони олимақоми калидии аморат ба шумор мерафт. Мақоми дувум аз рӯи аҳамият дар даргоҳи амир мансаби «сардори посбонони амир» («соҳиб ҳароса») буд, ки нисбат ба мансаби «сардори горди амир» («соҳибишурта») пасттар буд. Коршиносон инчунин дар бораи мавҷудияти мансабҳои дигар дар даргоҳи амир иттилоъ медиҳанд: дарвозабон, дастурхончи ва мулозимон .
Мансабҳои олии ҳарбии аморат, аллалхусус, ҳокимонро, намояндагони хонаводаҳои маҳаллии пуриқтидор (ба монанди Чағониён ва дигарон) ва сарфармондеҳони ҳарбии турк (Алптегин, Тош, Фоиқ ва ғ.), ки дар ҳифзи аморат хизматҳои шоиста доштанд, ишғол мекарданд. Болотарин мансаби ҳарбии аморат мансаби ҳокими Хуросон буд, ки дар он ҷо волӣ бо унвони «сипаҳсолор»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ