Ҷаҳони Тоҷикон

аз омилҳои асосии суқути амирони шарифи ин давлати мутамаркази тоҷикон гардид.
Чуноне дар боло ишора шуд, дастгоҳи расмии давлати Сомониён ба сатҳи баланд расид, ки дар сафи пеши он фаъолияти ҳамоҳангшудаи даҳ девони давлат қарор дошт, ки бо сарварии як вазири хирадманд сурат мегирифт. Беҳтарин тасвири мақоми вазирони бузурги гуруҳи Бармакиён-Балъамиён дар ҳикояи маъруфи “Қобуснома» (боби 40 «Дар бораи шарти бурдани вазорат дар назди шоҳ») оварда шудааст: «Вақте вазире, ки ба истеъфо гусел карда шуд, аз замини бароҳати хуби пешниҳодкардаи шоҳ даст кашида, бар ивази он як деҳаи харобшударо, барои обод намудан, талаб кардаст. Шоҳ бо ӯ розӣ шудаст, аммо дар саросари салтанат замини харобшударо (ба шарофати ғамхории ин вазир) дарёфт накардааст. Шоҳ иштибоҳи худро фаҳмида, аз вазири худ бахшиш пурсида, ӯро ба мақоми мартабаи пешинааш баргардонидаст» .
Ин тарзи идоракунии давлат (бо роҳбарии вазири бузург), ки аз ҷониби амирони Сомониён такмил дода шуда, барои аксарияти давлатҳои минбаъда, ки онро иваз карданд, беҳтарин намуна буд.
Натанҳо ворисони бевоситаи Сомониён - Қарохониён ва Ғазнавиён девонҳои Сомониёнро ҳамчун намуна дар минтақаи Осиёи Марказӣ нигоҳ доштанд, балки пайравони дигари онҳо низ ба монанди Салҷуқиён ин таҷрибаро то ба Осиёи Сағир (ба гулӯгоҳи Босфор) ва Ғуриён ба нимҷазираи Ҳиндустон (ба халиҷи Бангола) бурда, паҳн намуданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо