Ҷаҳони Тоҷикон

2.4. Паҳн кардани мазҳаби ҳанафии исломи суннитабор дар
ҷаҳони ислом
Даъват аз бародари амири Варорӯд Наср, амири оянда Исмоили Сомонӣ бидуни лашкар ба мансаби ҳокими Бухоро, ки аз даргириҳои шаҳрвандӣ ва зуд-зуд иваз шудани қудрат азият мекашид, натанҳо нишонаи мақоми ҳалкунандаи рӯҳониён дар шаҳр, балки рамзи нуфузи болоравии роҳбарии онҳо дар саросари кишвар низ буда, хусусияти рамзӣ дошт. Сомониёни соҳибфарҳанг дар навбати худ натанҳо чун пайравони дини исломи ҳақиқӣ, балки чун паҳнкунандагони калидии мазҳаби ҳанафии он дар тамоми шарқи олами ислом нақши бузург бозида, сарҳадҳои онро боз ҳам бештар ба шимол, шимолу ғарб, шимолу шарқ, шарқ ва ба ҷанубу шарқ васеъ намуданд.
Акнун раванди вуруд, мухолифат ва афзалият пайдо кардани мазҳаби ҳанафии исломро дар Варорӯд ва Хуросон бодиққат аз назар мегузаронем.
Тавре ки дар боло дида баромада шуд, дар фарҷоми ҳукмронии чор «халифаи ботақво», уммати (ҷомеаи) мусулмонони босуръат васеъшаванда ба се гуруҳи сиёсиву динӣ тақсим шуданд: суннитаборон, шиаҳо (аҳли ташайю) ва хориҷиён. Дар ибтидо ин ҷараёнҳо ба тамоми минтақаҳои хилофат паҳн шуда буданд. Аммо Варорӯд ва Хуросон, ба тафовут аз Эрон, ба сӯйи ҷараёни суннитаборон моил шуда, ҳанӯз қабл аз даврони Сомониён дар паноҳи он як зумра фақеҳони бузург ба майдон омаданд.
Бояд тазаккур дод, ки ба замони фаъолияти Абӯмуслим ва Бармакиён, фаъолияти боз як маволии хуросонӣ - асосгузори яке аз чаҳор мазҳаб (мактабҳои ҳуқуқи)-и исломи суннитабор – Абуҳанифа, ки бо тахаллуси «Имоми Аъзам» дар ҷаҳони ислом

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо