Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

шӯҳрат дорад, рост омад. Аммо, дар тафовут аз онҳо, мавсуф (Абуҳанифа) ба нахустин халифаҳои Аббосӣ хидмат накарда, аз гардиши фалак барои ин, ҷонашро қурбон кардааст. Вале туфайли хидмати азимаш дар назди ислом ва ба шарофати саъйи кӯшиши шогирдонаш дар роҳи паҳн ва маъмул кардани таълимоти сиёсиву ҳуқуқии ҳанафия, ин мактаби ҳуқуқӣ дар ҷаҳони ислом паҳншудатарин гардид. Дар раванди паҳншавии ин мазҳаб, алахусус, дар шарқ, инчунин, саҳми амирони Сомониён бараъло дида мешавад.
Шаҷараи Имом Абуҳанифа аз Нуъмон ибни Собит ибни Марзубон оғоз меёбад, ки бобои ӯ тоҷири абрешимфурӯш (тибқи баъзе аз маъхазҳо, аз Кобул) дини исломро дар даврони хилофати Умар қабул кардааст. Вай соли 699 дар шаҳри Куфа дар оилаи тоҷири сарватманд ба дунё омадааст. Абуҳанифа таҳсилро барвақт оғоз кард, аммо маҷбур буд онро бо сабаби фавти падараш қатъ намояд, зеро маҷбур буд, ки тиҷорати хонаводагӣ (фурӯши абрешим)-ро идома диҳад. Вай аввалин таҳсилоти диниро дар зодгоҳаш, вақте ки ба шогирдии Ҳаммад ибни Абӯ Сулаймон, яке аз ҳамсафони Паёмбар (с) дохил шуд, гирифтааст. Пас аз марги устодаш, худи ӯ даҳ сол ба ин маҳфили фақеҳон сарварӣ карда, муътабартарин илоҳиётшинос ва донишманди ҳуқуқ дар ҷануби Ироқ гаштааст. Ин маҳфилҳо, ба назари мо, тимсоли мактаби олии мусулмонӣ буданд. Тавре мутахассис таъкид мекунад: «дар ибтидо олимон дар масҷидҳо ва биноҳои дигар бо шахсони донишдӯст инфиродӣ, ки ба онҳо рӯ меоварданд, машғулият мегузаронданд: фаъолияти омӯзгории 1Али-заде А. А. Исламский энциклопедический словарь. - М.: Ансар, 2007. - 400 с. -ISBN 5-98443-025-8. // https://ru.wikisource.org/wiki/%D0%98%D0%AD%D0%A1/%D0%90%D0%B1%D1%83_%D 0%A5%D0%B0%D0%BD%D0%B8%D1%84%D0%B0 санаи мурочиат 14.09.2020.

пешина
аз 335
навбатӣ