Ҷаҳони Тоҷикон

асосгузорони чор мазҳаби асосӣ, ки дар замони Аббосиёни аввал умр ба сар мебурданд, асосан чунин буд ва чун мусулмони ботақво Абуҳанифа дар Куфа, Малик ибни Анас дар Мадина, Шофеъӣ дар Макка, сипас дар Қоҳира, Аҳмад ибни Ханбал дар Бағдод фаъолият намуд. Баъдтар, ба даст овардани ҳуқуқи пешбурди ваъз дар масҷидҳои калон бо талаботҳои муайян вобаста шуд: дар баъзе масҷидҳо як навъ шӯъбаҳои илоҳиётшиносӣ ба вуҷуд омаданд, ки мактаб дар назди масҷиди Ал-Азҳар, ки дар Қоҳира дар асри X сохта шуда буд, маъруфияти бештар пайдо намуда буд, ҳамин хел мактаб дар назди Каъба низ мавҷуд буд».
Имом Абуҳанифа бори аввал дар синни шонздаҳсолагӣ бо падари худ ба зиёрати ҳаҷ рафтааст: дар он ҷо бо яке аз ҳамсафони Паёмбар Абдуллоҳ ибни ал- Ҳорис вомехӯрад.
Абуҳанифа яке аз дурахшонтарин ва нахустин намояндагони доираҳои тиҷоративу ҳунармандии шаҳрнишини ҷаҳони ислом буда, манфиатҳои ин доираҳоро, ки дар шакли таълимоти динӣ ва ҳуқуқӣ ифода ёфта буданд, баъдтар ба расмият дароварда, дар мазҳаби ҳанафӣ ташаккул дода, асоснок ва ҳимоя кард.
Ба андешаи мо, яке аз хизматҳои асосии Имом Абуҳанифа дар тамаддуни исломӣ дар он аст, ки ӯ ба анъанаи хатӣ дар илоҳиётшиносии ислом асос гузошт. Тибқи гуфтаи муаррихон, нахустин асар дар бораи таълимоти аҳкоми дини ислом ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Дар заминаи ҳафтод ҳадис донишманд чунин як асари машҳур ба мисли «Китоб-ул-Асар»-ро таълиф намудааст.
Имоми Аъзам инчунин муаллифи асарҳое, чун «Китоб-ул-радалал-қодирия», «Алим-ва-л-мутаъаллим», «Ҷомӣ –ул- Масанид»
ва «ал-Фиқҳ ал-Акбар» мебошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо