Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ба вай ҳамчунин навоварӣ доир ба имконпазирии истифодаи усули таҳқиқи масъалаҳои ҳуқуқӣ бо тарзи наздик гардонидани коркарди зоҳирбинии фақеҳон бо талаботи ҳаёти ҳаррӯзаро нисбат медиҳанд.
Имом Абуҳанифа дар ҳамкорӣ бо пайравони наздиктаринаш назарияеро таҳия намуд, ки дар он принсипҳои оқилонаи «қиёс»
(«ҳукмҳо бо қиёс») ва инчунин принсипҳои «афзалият»
(«истиҳсон») дар раванди ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ истифода бурда мешуданд.
Дар дидгоҳи сиёсии худ олим ҷонибдори принсипи қонунии ҳокимияти олӣ, ки ҳаматарафа аз ҷониби ҷомеаи мусулмонон назорат мешавад, мебошад.
Вай ҳамчун як олими барҷаста ва дорои ахлоқи воло аз ҳамаи хидматҳои давлатӣ, ки ҳокимони давр ӯро маҷбур мекарданд, канорагирӣ мекард. Бори нахуст, Имом Абуҳанифа ба Макка солҳои 747-748 рафт, зеро ӯро волии Ироқ Ибни Хубайра барои маҷбуран иҷро кардани мансаби давлатӣ таъқиб мекард.
Вақте ки Аббосиён ба сари қудрат омаданд, вай ба Ироқ баргашт ва дар он ҷо кори худро ҳамчун як диншиноси донишманд ва тиҷорати хонаводагиро ҳамчун як тоҷири абрешимфурӯши доро идома дод. Акнун халифа Мансур, вақте ки ба сари қудрат омад, ба ӯ рӯ овард, аммо имом Абуҳанифа боз рад намуд. Халифа аз ин ба ғазаб омада, амр дод, ки ӯро шадидан латукӯб ва зиндонӣ кунанд. Баъдан, халифа пешниҳоди худро такрор кард, аммо имом боз рад кард ва ба номи Офриадгор қасам хӯрд, ки ин пешниҳодро қабул нахоҳад кард. Дар натиҷа, вай ҷазои сахт гирифт ва боз ӯро ба зиндон партофтанд, ки пас аз чанд муддат, яъне соли 767 дар он ҷо аз олам даргузашт.
Ду шогирди ӯ Абу Юсуф ва аш-Шайбонӣ дар роҳи ҳифз, ба низом даровардан ва паҳн кардани мазҳаби ҳанафӣ кори назаррас карданд.

пешина
аз 335
навбатӣ