Ҷаҳони Тоҷикон

Усули баровардани амрнома (фатво)-и ҳуқуқӣ ба манбаъҳои зерин асос ёфтааст:
1.Қуръон; 2.Суннат – бо интихоби дақиқи ҳадисҳо; 3.Иҷма – андешаи якдилонаи диншиносон дар мавриди ягон масъала, ки бо Қуръон ва суннат мухолифат карда наметавонад; 4.Қиёс– фикрронӣ аз рӯйи қиёс бо он чизе, ки аллакай дар ваҳй омадааст; муқоисаи мушкилоти ҳуқуқӣ бо мушкилоти қаблан ҳалшуда; 5.Истиҳсон–афзалият барои ҳалли хилоф ба қиёс, аммо дар ин вазъият ба мақсад мувофиқ; 6.Урф ё одат – афкор, урфу одатҳои анъанавӣ паҳншуда.
Бо тафовут аз Имом Абуҳанифа, шогирди ӯ Абу Юсуф ал- Ансорӣ, пас аз вафоти устодаш (767), ба Бағдод кӯчид ва пешниҳоди халифаи Аббосӣ Маҳдӣ дар бораи мансаби роҳбарии дафтари қозии хилофати Бағдодро пазируфт. Дар давраи ҳукмронии халифа Ҳорун ар-Рашид вай ба мансаби олии додгоҳии хилофат – қозии олӣ (қозӣ ал-қузот) таъин карда шуд.
Ҳамин тариқ, дар тӯли зиёда аз сӣ сол (767-798), ӯ имкони хубе барои паҳн кардан ва густариши мазҳаби ҳанафии исломро тавассути таъини қозиён дар вилоятҳо бо афзалият додан ба намояндагони мазҳаби худ ба даст овард. Дар ҳалли парвандаҳои сирф ҳуқуқӣ ва амалӣ низ вай ҳамчунин ба мазҳаби ҳанафӣ такя мекард. Бисёре аз поягузорони мазҳабҳои дигар (ҳанбализм ва шофеӣ) бевосита шогирдон ё пайравони ӯ буданд. Пас аз фавташ, кори ӯро писараш Юсуф ва шогирдаш Муҳаммад аш-Шайбонӣ идома доданд. Он замон барои роҳандозӣ ва густариши мазҳаби ҳанафии исломи суннитабор дар дохили хилофат, бахусус, дар қисми шарқии он, давраи тақдирсоз маҳсуб меёфт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо