Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Халифа Маъмун (с. 813-833), бо тафовут аз падари худ Ҳорун ар-Рашид, мутазилияи озодандешро бар зидди таълимоти суннатӣ дастгирӣ мекард. Консепсияи тарафдорони мутазилизм дар бораи офариниши Қуръон аз тарафи халифа Маъмун қабул карда шуда, онро таълимоти (догмаи) ҳатмӣ эълон намуд.
Мухолифони мутазилизмро як навъ (чун инквизитсияи ғарб) таъқиб мекарданд, ки аксар вақт хусусияти мутаассибона доштанд. Ин бераҳмӣ, ки дар тӯли ним аср идома дошт, дар байни мусулмонон нофаҳмиҳои зиёдеро ба бор овард.
Мутазилизм, ки аз либерализм (озодандешӣ) оғоз ёфт, бо таҳаммулнопазирӣ ба анҷом расид. Яке аз ворисони Маъмун халифа Мутаваккил (с. 847-861) тасмим гирифт, ки аз озодандешии динӣ даст кашад ва ба муқобили мутазилитҳо ва тасаввуф мубориза барад. Ин мубориза хеле тезутунд шуд.
Мубориза дар байни тарафдорони содиқи суннат ва муътазилитҳо-ратсионалистҳо мусулмононро боз муддати тӯлонӣ аз ҳам ҷудо (тақсим) кард.
Дар ин давра муътазилии собиқ, намояндаи ояндаи бонуфузи суннат Абулҳасани Ашъарӣ аз шаҳри Басра (873-935), ки соли 912 аз мутазилизм ҷудо шуда, бо онҳо баҳсҳои шадидро оғоз кард. Вай исбот мекард, ки тавҳиди мутазилитҳо дар асл бозгашт ба дуализм аст, таълимот дар бораи ду офаранда: Худо, офарандаи некӣ ва шайтон, офарандаи бадӣ мебошад. Ашъарӣ бар зидди назарияи офариниши Қуръон (каломи Худо) далел овард, ки офариниш наметавонад ба худи офаранда паҳн шавад:
аз ин рӯ, офаридгор дар якҷоягӣ бо каломаш ва тамоми сифатҳояш абадист.

пешина
аз 335
навбатӣ