Ҷаҳони Тоҷикон

Чунин баҳсҳои динӣ дар уммати ислом то ба сари қудрат омадани амирони Сомониён ҷараён дошт. Тавре ки дар боло зикр шуд, аллакай дар шаҳрҳои бузурги Варорӯд дар нимаи дуюми асри IX, вақте ки ҳар як шаҳр аз муноқишаҳои динӣ ва нооромиҳо азият мекашид, диндорон бо сардории фуқаҳои маъруф ба идораи шаҳрҳо шурӯъ карданд. Ба мансаби волии шаҳри Бухоро нишастани амири оянда Исмоили Сомонӣ низ ҳамин тариқ сурат гирифта, мардуми шаҳр бо роҳбарии писари донишманди машҳур (фақеҳ) Абуҳафс Абуабдуллоҳ ӯро бидуни артиш ба шаҳр даъват карданд. Шуҳрати ин хонаводаи диндорон, ба гуфтаи В. В. Бартолд дар он буд, ки яке аз дарвозаҳои шаҳр, ки дар наздикии хонаи онҳо воқеъ аст, номи худро бо номи «Ҳақроҳ» («Роҳ ба сӯйи Ҳақ») дошт, ки мардуми шаҳр барои ҳалли баҳсҳои шубҳанок ба онҳо муроҷиат мекарданд.
Муҳаққиқи варзидаи рус ба тахти Бухоро нишастани амир Исмоили Сомониро муфассал тавсиф мекунад: «Исмоил ба Кармина омад, ки дар он ҷо ӯро худи Абӯабдуллоҳ пешвоз гирифт, ки, ба гуфтаи муаррих, ба ӯ дар бораи ояндааш хеле умед бахшид: «Вай фаҳмид, ки Абуабдуллоҳ чи коре кунад, мардуми шаҳр онро бекор карда наметавонанд». Шояд бо миёнаравии Абуабдуллоҳ Исмоил бо амир Ҳусайн Муҳаммад-ал- Хавароҷӣ, ки дар он замон Бухороро дар ихтиёр дошт, аҳднома баст. Бо назардошти ин лақаб (Ал-Хавароҷӣ), ӯ яке аз пешвоёни хориҷиён (яке аз се ҷараёни динии онвақта- М.А.), ва, эҳтимолан, яке аз ҳамсафони Яъқуб (Саффорӣ- М.А.) буд. Онҳо ба мувофиқа омаданд, ки Исмоил дар Бухоро амир ва Ҳусайн ёвари ӯ хоҳад буд, ки тамоми артиш ба ин савганд ёд кард. Рӯзи ҷумъаи аввали моҳи Рамазон (25 июни с. 874) дар Бухоро хутба ба номи Насри б. Аҳмад ба ҷойи Яъқуб б. Лайс хонда шуд. Пас аз чанд рӯз

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо