Ҷаҳони Тоҷикон

Тавре аз фаъолияти ин фақеҳи барҷаста аз пойтахти Варорӯд ва Хуросон бармеояд, дар тӯли сад соли густариши ислом дар ин минтақа, як зумра мутафаккирони бузурги исломӣ ба майдон омаданд, ки онҳо натанҳо бо руҳониён- диншиносони ғарбӣ (ироқиҳо ва арабҳо) баробар буданд, балки дар бисёр самтҳо аз онҳо пеш гузаштанд. Ҳуқуқи исломӣ ва ҷараёни тасаввуф дар ин ҷо решаҳои худро пайдо кард ва тадриҷан ба ҳудудҳои нави ҷаҳони ислом ҷорӣ гардида, васеъ паҳн мешуд. Тасаввуф ҳамчун зоҳидпарастӣ, зоҳидӣ ва тасаввуфи мусулмонӣ, ки аз «суфаи болоӣ» (дар он ҷо ҳамсафони Паёмбар нишаста баҳс мекарданд) ё аз «пашм» (ҷомаи мӯйини ин зоҳидон) бармеояд, низ тариқи хоси худи хуросониву варорӯдиро доро шуд.
Агар дар ҷамъоварии маҷмӯаи ҳадисҳои Паёмбар Имом Муҳаммад Бухорӣ машҳур шуда бошад, пас шогирди ӯ як диншиноси дигари тоҷик Абӯисо Тирмизӣ (с. 824-892) дар ташаккулли тасаввуфи исломӣ дар Варорӯд маъруф гашт.
Вай дар шаҳри Тирмиз таваллуд шуда, дар худи он ҷо таҳсилоти анъанавӣ гирифта, аз синни 8-солагӣ илмҳои диниро омӯхтааст. Дар синни 28-солагӣ Абӯисо Тирмизӣ ҳаҷҷи Маккаи муқаддасро анҷом дода, ҳамзамон дониши худро дар муошират бо фақеҳони машҳур ва мураббиёни сӯфиён сайқал додааст.
Баъди ба Ватан баргаштан, вай ҳамроҳи устодони худ аз байни шайхҳои Хуросон: Абутуроб Нахшабӣ, Яҳё Ҷаллоа, Аҳмад Ҳадравайҳӣ ва дигарон омӯзиши таълимоти тасаввуфро идома дод.
Тарзи зиндагии парҳезгоронаи Ҳаким Абӯисо Тирмизӣ эҳтироми аҳолии маҳаллиро нисбат ба ӯ бедор кард ва дере нагузашта дар атрофи ӯ гурӯҳе аз донишҷӯён-муридон пайдо шуданд. Аммо фаъолияти ӯ ба мақомоти маҳаллӣ ва фуқаҳои

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо