Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

суннитабор писанд набуд ва аз хатари таъқиби онҳо Имом Тирмизӣ маҷбур шуд, ки ватани худро тарк кунад ва аввал ба Балх ва сипас ба Нишопур кӯч баст.
Саҳми асосии ӯ дар рушди тасаввуф-асараш «Ҳатм ал-авлиё («Муҳри авлиёҳо») мебошад, ки дар он таълимоти авлиёҳоро таҳия кардааст. Тибқи ин назария, авлиёҳо ҷаҳонро идора менамоянд: Имом Тирмизӣ онҳоро бо фиристодагони Худо ва паёмбарон баробар кардааст.
Дар ин китоб, ӯ бори нахуст дар ҷаҳони ислом дар бораи «логос» («илм») навишта, барои ифодаи он калимаи «зикр»-ро истифода кардааст. Тирмизӣ изҳор дошт, ки авлиёгӣ бо вақт (замон) маҳдуд аст, зеро он, ба монанди ҳадяи нубувватӣ муҳр зада шудааст, ки бояд дар анҷоми олам зоҳир шавад.
Дар баробари ин рисола, Имом Тирмизӣ тақрибан 80 асар навиштааст, ки дар онҳо аҳамияти таҷрибаи ирфонии (зоҳирии) амалияи сӯфиён баррасӣ гардидааст. Таълимоти ӯ «дар бораи руҳ» (ҳолатҳои он, «ҳаракатҳо»), дар бораи усулҳои такомули худ ва ҷилавгирӣ аз ғаризаҳои заминӣ, дар бораи нақши ранҷу азоб ҳамчун воситаи поксозӣ аз дониши амиқи психологияи инсон шаҳодат медиҳад. Баъдтар, ин асарҳо дар тасаввуфи Эрони шарқӣ (тоҷикӣ) ҳамчун осори классикӣ шинохта шуданд.
Имом Тирмизӣ боварӣ дошт, ки дониши баландтарини инсон «илм, ирфон»-и асроромез («маърифат» ё «ҳикмат») аст, ки он монанди «нури илоҳӣ» дар қалбҳои одамон ҷой гирифтааст.
Вай дониши маъмулиро («илм»), ки ба дарки муқаррароти шариат дорост, ва «ирфон» («гносис»), ки ба шарофати он маънои ботинии худи «моҳияти илоҳӣ» дарк карда мешавад, аз як дигар ҷудо медонист. Дониши анъанавиро метавон дар ҷараёни омӯзиш ба даст овард, дар ҳоле ки «маърифат» - инъоми Худо аст, ки ба баргузидагон дода мешавад. Замон ва макони истифодаи «илм» маҳдуд буда, «маърифат» бошад ҳудуд

пешина
аз 335
навбатӣ