Ҷаҳони Тоҷикон

надорад. Тибқи маълумоти Имом Тирмизӣ, «ирфон» танҳо ба он нафароне дода мешавад, ки афкорашон ба сӯйи Офаридгор нигаронда шудааст ва руҳе доранд, ки аз дилбастагиҳои дунявӣ (заминӣ) пок шудаанд. Чунин одамон сӯфиён ҳастанд, ки хусусияти «авлиёгӣ» доранд, яъне “муқаддасанд” ва аз дигар диндорон тафовут доранд.
Тавре аз ҳаёти яке аз намоёнтарин намояндагони тасаввуфи варорӯдӣ- хуросонӣ Ҳаким Тирмизӣ дар садсолаи якуми ҳаёти исломӣ дар минтақа бармеояд, байни фақеҳони суннитабор (ҳанафӣ), ки ба ҳокимият наздик буданд, ва суфиён, ки ҳаёти худҳо барои хидмат ба Худо бахшида буданд, рақобат мавҷуд буд. Онҳо барои афкор ва қалби мусулмонони оддӣ, аввалинҳо бо такя ба қудрат (ҳукумат) ва дигарон (суфиён) ба дастгирии оммавии мусулмонони оддӣ, бо якдигар мубориза мебурданд.
Чуноне мутахассиси рус таъкид мекунад: «Дар зери таъсири ғамхории Қуръон нисбати камбағалон ва камбизотон афсонае ба миён омадаст, ки худи Муҳаммад одамони камбағал (фақирон)-ро дар атрофаш ҷамъ намуда буд ва барои онҳо як курсии махсус - суффа, дар паҳлӯи бинои масҷид мондаанд; аз «мардуми суффа»
якчанд интиқолдиҳандагони ривоятҳо дар бораи Паёмбар ва зиндагии ӯ баромаданд. Дар кишварҳое, ки арабҳо забт кардаанд ва пеш аз ислом масеҳият, монавӣ ва буддоӣ паҳн шуда буд, мартабаи камбизоатӣ ва зоҳирпарастӣ боз ҳам баландтар гузошта шуда, қабрҳои зоҳирони собиқ дар баробари қабрҳои паёмбарон ва шаҳидон арҷгузорӣ мешуданд. Барои мусулмонони парҳезгор зоҳидпарастӣ ва парастиши авлиёҳо, ки бо он робитаи зич дорад, чунин афзалиятҳо доштанд, ки ислом ба фоидаи кофирон рад карда наметавонист».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо