Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ, пас аз як асри ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва динии тоҷикон дар паноҳи ҷаҳони ислом, дар давраи Сомониён дар ҳудуди он мазҳаби исломи суннитабор (ҳанафӣ) паҳн гардида, устувор шуд, ки онро мутафаккири бузурги мусулмонон бо решаҳои хуросонӣ Имом Абӯҳанифа таҳия кардааст. Дар ин ҷо, инчунин, намуди тасаввуфи исломии алоҳида (тасаввуфи хуросонӣ) ташаккул ёфта буд. Вале барои оштӣ ва наздикшавии онҳо вақт лозим омад.
Дар ин замон, бешубҳа, рақобати шадиди се ҷараёни ислом (суннитабор, шиаҳо ва хориҷиҳо) наметавонист ба марзҳои Сомониён таъсир нарасонад. Бидъат дар шакли мутазилизм ва қарматия ба Хуросон ва Варорӯд, ки амирони Сомониён, аллакай дар ин ҳудудҳо ҳукмронӣ мекарданд, роҳ ёфтанд. Тавре дар боло баррасӣ шуд, «асри тиллоӣ»-и ҳукмронии Сомониён дар давраи ҳукмронии набераи амир Исмоил, амир Насри II (с. 914-943) канда шуд, чунки шавқу завқи амир ба қарматия равона шуда, норозигии руҳониёни суннитабори ҳанафимазҳабро, ки афкори аҳолии мусулмони маҳаллиро пурра назорат мекарданд, ба миён овард ва онҳо ислоҳи вазъро талаб мекарданд. Тибқи маълумоти муаррихон, амири ояндаи Сомониён ба фақеҳон, ки комёбии бидъатро дар кишвар ба ӯ нишон додаанд, супориш додааст, ки оид ба таълимоти дурусти динӣ як дастурамал барои мардум таҳия намоянд. Ин дастур, ба эҳтимоли зиёд, китоби диншиноси маъруфи тоҷик Абулқосими Самарқандӣ (соли вафот 953) «Ас- Савод-ул-аъзам» бо забони арабӣ навишта шуда буд ва ҳукумати амир Нуҳи II Мансур (солҳои ҳукмронӣ 976-997) тарҷума намудани онро барои дастрас ва фаҳмо гаштанаш барои мардуми

пешина
аз 335
навбатӣ