Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

фалсафӣ ва динии (калъам) исломи суннитаборро таҳия намуда, онро такмил доданд.
Аз рӯи маълумоти мутахассисон тафсири муфассали Қуръон «Та’вӣлат ал-Қуръон», тафсири рисолаи илоҳии «ал-Фиқҳ ал- Акбар» («Фиқҳи Бузург»)-и Имом Абуҳанифа, «Шарҳ ал-Фиқҳ алакбар ва «Китоби Тавҳид» ба Абумансур Матуридӣ тааллуқ дорад.
Агар ашъариён таълимоти худро ҳамчун як таълимот дар миёнаи мутазилизм ва суннатгароӣ таҳия карда бошанд, пас ӯ ва шогирдонаш мавқеи миёнаро дар байни равишҳои ашъарӣ ва мутазилитӣ ишғол карданд. Абумансур Матуридӣ, ба фарқ аз ашъариён (ва мутазилитҳо), ҷовидонии сифатҳоро эътироф мекунад ва ба ҳафтои он, ки аз ҷониби ашъариён ҷудо карда шудааст, ҳаштумин-офариниш («таквин»)-ро илова мекунад. Вай, ба монанди мутазилиҳо, ба инсон имкон дод, ки интихоби озодро дошта бошад, моҳияти объективӣ ва оқилонаи принсипҳои ахлоқиро ҳимоя кунад.
Ҳамин тариқ, дар тӯли зиёда аз як асри салтанати дурахшони амирони шӯҳратманди Сомониён, Варорӯд ва Хуросон ба таври куллӣ аз «дар -ал-куфр» («қаламрави кофирон») ва «дар ал-ҳарб»
(«қаламрави ҷанг бо кофирон») ба як «дар ал-ислом» («қаламрави ҷаҳони ислом»)-и дорои фарҳангӣ володошта табдил ёфт. Акнун ба қаламрави давлати Сомониён на «сарбозони ғозиён», ки маънои ҳаётро дар забти сарзамини кофирон ва ғорати мулк ва сарватҳои халқҳои мағлуб медиданд, балки беҳтарин намояндагони «аҳли қалам», ки барои омӯзиш ва пайвастан ба идеалҳои олии фаҳмидани «ман»-и худӣ ва илоҳӣ кӯшиш доимӣ доштанд, кӯч бастанд. Аввалин муассисаҳои таълимии мусулмонон (мадрасаҳо),

пешина
аз 335
навбатӣ