Ҷаҳони Тоҷикон

нигоҳи мазҳабӣ ва фарҳангӣ ба сӯйи Бухорои шариф моил шудан гирифт. Дар ҷанубу шарқ собиқ ғуломон – горди Сомониён – Ғазнавиён, ки аз садрҳои Бухоро ҳарос доштанд, чунки пешвоёни динии худро (пирони худро) аз онҳо пайдо карда буданд, ба паҳн кардани ин навъи ислом ба нимҷазираи азими Ҳиндустон шуруъ карданд. Ҳамон ҳол, садрҳои Бухоро, ки ба сӯйи имомат (бартарии қудрати рӯҳонӣ) майл дошта ва аз аморати озодандешу дунявӣ норозӣ буданд, фикр карданд, ки ҳокимияти рӯҳонии худро бар горди ғайримилли амир, ки қудрати онҳо байни онҳо бо қудрати амир рақобат дошт, интиқол диҳанд. Садрҳо барои барқарор кардани сулолаи ғайримиллӣ, ки ба иродаи онҳо итоат мекард, аз хиёнат ба давлат ва ватани худ низ даст накашиданд. Дарҳол ду сулолаи ғайримиллӣ (Ғазнавиён ва Қарахониён) рақобати шадидро барои гирифтани баракати мероси бузурги Сомониён, ки рӯ ба таназзул ниҳода буд, на аз халифаҳои анъанавии Бағдод, балки аз садрҳои Бухоро оғоз намуданд.
Сомониён арсаи таърихиро тарк карданд, аммо «дастури таълими исломи»-и онҳо (мазҳаби ҳанафии исломи суннитабор), ки онро аввалин хатмкардагони мадрасаҳо, нахустин бор дар таърих, дар ин сарзамини муборак барои мардуми тоҷик эҷод намуданд, натанҳо боқӣ монд, балки боз ҳам такмил дода шуд. Ин «дастурамал»-и Сомониён барои мусулмонони ботақво, ки дар рақобати шадид бо дигар таълимотҳои фалсафавию динии хилофати азим таҳия шудааст, то ба замони мо расидааст. Он, ки ҳеҷ гоҳ аз ҷониби ворисони наздик ва дури онҳо зери шубҳа намондааст, танҳо ба мисли «гавҳараки чашм» мукаммал ва ҳифз карда шудааст, аз нақши бебаҳси Сомониён ҳамчун «падаронасосгузорон»-и истиқрор ва устувор гардонидани мазҳаби ҳанафии исломи суннитабор бараъло шаҳодат медиҳад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо