Ҷаҳони Тоҷикон

2.5. Пешбурди сиёсати «синтези тоҷику турк» аз ҷониби
давлати Сомониён
Шартномаи ақди никоҳ, ки қабл аз тӯйи арӯсии як арбоби турк ва як зебосанами суғдӣ, ки дар байни санадҳои ҳуқуқии кӯҳи Муғ ёфта шуда буд, ба мо имкон медиҳад, тахмин намоем, ки вазъи синтези тоҷику турк ба ибтидои асри VIII не, балки аллакай дар ҳамон давра таърихи на камтар аз 150-сола дошт. Ин санади ҳуқуқӣ ақидаи дар минтақаи мо паҳншударо дар бораи он, ки муносибатҳои оилавӣ ва издивоҷии байни тоҷикон ва халқҳои турк танҳо пас аз қабули дини фаромиллӣ – ислом имконпазир шуданд, рад мекунад.
Дар тӯли асрҳои зиёд Варорӯд як ҷузъи ҷудонашавандаи Турони бузург (сарзамини писари калонии шоҳиншоҳи афсонавии Пешдодиён Фаридун -Тур) буд, ки дар он ҷо дар миёнаи ҳазорсолаи якум дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд.
Дар қатори дигар омилҳо таркиби этникии ин минтақаи васеъ тағйир ёфт. Таъсиси Хоқони турк (миёнаҳои асри VI), таъсиси бузургтарин давлат дар Авруосиёи давраи пеш аз муғулҳо боиси ташаккулли сиёсати «синтези суғдию турк» гардид. Хизмати шоистаи Сомониён дар он аст, ки онҳо бо дарназардошти анҷом ёфтани ташаккулли халқи тоҷик, ин сиёсати созандаро дар маркази Авруосиё ба сатҳи нав – ба сатҳи «синтези тоҷику-турк»
бардоштанд.
Анъанаи даштӣ ба пайдоиши қабилаҳои турк аз авлоди Ашина шаҳодат медиҳад. Диққати моро ахбороти мутахассисон

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо