Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

дар бораи издивоҷи фарзандони «модаргург» аз қабилаи Ашина, пешгузаштагони қабилаҳои турк, бо занони Турфон, ки хеле пеш аз таъсиси Хоқони Турк буд, ҷалб намуд. Дар он давр аҳолии суғдӣ дар ҳавзаи Тарим аксарият буданд, ки онҳо аз «Ислоҳоти зидди девҳои»-и шоҳаншоҳи Ҳахоманишӣ Ардашер (с. 486 пеш аз милод) норозӣ шуда, аз Варорӯд ба шарқ муҳоҷират карда, дар ҳавзаи Тарим, аз ҷумла воҳаи Турфон, маскун гардида, шабакаи васеи рӯзгори тиҷоративу иқтисодии худро ба вуҷуд оварданд.
Ҳамин тариқ, аз эҳтимол дур нест, ки аҳолии суғдии воҳаи Турфон дар ташаккулли халқҳои туркӣ нақши калидӣ доштааст (тавре ки аз ривояти боло бармеояд, туркҳо бо турфониҳо, яъне занони суғдӣ издивоҷ кардаанд), ки ин, бешубҳа, ба анъанаҳо фарҳанг ва забони қабилаи навтаъсис таъсири ҳалкунанда дошт.
Яке аз далелҳои барҷастаи аксариятро ташкил додани халқҳои шарқии эронӣ (суғдӣ, сакоӣ, бохтарӣ ва ғ.) дар таркиби аҳолии қадимаи ҳавзаи Тарим, аз ҷумла воҳаи Турфон, мавҷудияти шабакаи васеи каналҳои зеризаминӣ – корезҳо мебошад. Ин иншооти беназири обёрикунӣ, ки аз соҳили халиҷи Форс то марзҳои Муғулистон тӯл кашидааст, дар марзи ғарбии худ, дар воҳаи хушку холии Турфон, миқёси бесобиқа ба даст овардаст. Ҳақиқат он аст, ки воҳаи Турфон, ки онро ду Дашти Бузурги Авруосиё, аз шарқ Гобӣ ва аз ғарб Такла-Макан иҳота карда буданд, танҳо ба шарофати амалӣ шудани ин муъҷизаи обёрии ниёгони тоҷик, ки ба ин сарзаминҳо хеле пештар аз чиниҳои қадим кӯчида омада буданд, рушд намуд. Бояд қайд кард, ки ба ҷуз аз ҳавзаи Тарим (вилояти мухтори Синтсянуйғури Чин), дар ягон 23 вилояти дигари Чин ингуна иншооти

пешина
аз 335
навбатӣ