Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

обёрӣ вуҷуд надорад. Бояд ёдовар намуд, ки аҳолии ҳозираи туркҳо (уйғурҳо, қазоқҳо ва ғ.) ба ҳавзаи Тарим ба таври оммавӣ танҳо пас аз соли 840, вақте ки Хоқони Уйғур, ки қароргоҳаш дар шимоли Муғулистону Сибир буд, аз ҷониби Хоқони Қирғиз шикаст хӯрда, кӯчида омад. Корезҳо, ки то имрӯз дар миқёси азим боқӣ мондаанд ва муҳимтар аз ҳама, дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ дошта шудани онҳо, пеш аз ҳама, ин шаҳодати маҳорати баланди муҳандисии ниёгони халқи тоҷик (суғдиён) мебошад.
Тавре муҳаққиқи рус қайд мекунад: «миёнаи ҳазораи I пеш аз мелод барои кишварҳои кишоварзии Осиёи Миёна чун даврони равнақу болоравии нави хоҷагидории обёрикунӣ шӯҳрат ёфт. Таҳқиқоти бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд, ки асрҳои VI- IV пеш аз милод даврони бунёди ҷӯйҳои (каналҳои) бузурги калонҳаҷм мебошад, ки об ба заминҳои дур аз ҳавза ва резишгоҳи рӯдҳо бароварда шуд. Ба гардиши заминҳои корам, боз заминҳои нав ба нав ворид гаштанд. Инак, ҷӯйҳо ва нуқтаҳои аҳолинишин дар воҳаи Қабодиён ва водии Вахш қайд карда шуданд. Эҳтимол, дар замони Хаҳоманишиҳо бунёди аввалин низоми бузурги корезҳо (каналҳои зеризаминии обёрӣ) шурӯъ гардиданд. Бунёди онҳо, ба андозаи назаррас, бо сиёсати иқтисодии шоҳони Ҳахоманишӣ, ки бо ҳар роҳ азхудкунии заминҳои бекорхобидаро ташвиқ мекарданд, алоқаманд мебошад; бесабаб нест, ки Полибий, ки дар асри II пеш аз милод дар бораи «биёбони Парфиянӣ» навишта буд, аз мавҷудияти каналҳои зеризаминӣ дар он ҷо ёдовар шуда, қайд кардаст, ки ҳамаи онҳо «дар замони форсҳо» сохта шудаанд. Геродот дар бораи як обанбори азиме, ривоят мекунад, ки дар водии дарёи Акес (Теҷен ё Мурғоб) сохта шуда, маъмурияти форсҳо онро назорат мекунад, обаш танҳо тавассути пардохти иловагӣ ба андозҳои маъмулӣ ба заминҳои корам дода мешуд. Страбон дар бораи шабакаи васеи обёрикунӣ

пешина
аз 335
навбатӣ