Ҷаҳони Тоҷикон

дар водии Политимет (Зарафшон) менависад». Чуноне аз ин маълумот бармеояд, суғдиён ва бохтариён дар муҳоҷирати шарқии худ дар давраи Хаҳоманишиҳо (ба ҳавзаи Тарим ва Ҳафтрӯд) натанҳо намунаҳои олоти анъанавии кишоварзиро, инчунин технологияҳои беҳамтои обёрикунии худро, аз ҷумла технологияи кандани корезро, ки аллакай дар «давраи Ҳахоманишӣ», дар хушктарин минтақаи Авруосиё ҷорӣ карда шуда буданд, бо худ бурданд.
Оиди ба таври оммавӣ маскун гардидани гурӯҳҳои суғдӣ дар ҳавзаи Тарим ва дар қаламравҳои ҳамшафати он (Муғулистон, Тибет, Гансуи Чин), инчунин, ёдгориҳои хаттии суғдӣ дар навиштаҷоти Бугут (асри VI) ва Қарабалсағун (асри IX) дар Муғулистон, тарҷумаҳои матнҳои буддоӣ аз коллексияи Пелльо, аз шаҳри Дунхуан ва санг дар Ладакх (шимоли Ҳиндустон) ва дигар маъхазҳо шаҳодат медиҳанд.
Синтези суғду туркӣ ба дараҷае устувор буд, ки бисёр муҳаққиқон (Фрай Р., Хауссиг Х.В., Кляшторный С.Г. ва дигарон) дар баробари баромади муғулӣ (Бичурин) ва гетерогенӣ (Гумилев)-и қабилаи Ашина, дар бораи пайдоиши эронии шарқи (тоҷики)-и он фарзияҳои ҷиддии илмӣ пешниҳод намудаанд.
Баъзеи онҳо (Х.В. Хауссиг ва С.Г. Кляшторный) робитаи номи авлоди «Ашина» ва «ахsаena» бо забони қадимаи форсӣ – «кабуд»/«осмонӣ»-ро эътироф мекунанд, аз ин рӯ номи дувуми баъдии Ашина туркҳо бо номи «кёк-туркҳо» («туркҳои кабуд»)

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо